Усмон Раҷабов (26.02.1950, гуз. Чорраҳаи ш. Самарқанд) — меъмор, номзади илмҳои техникӣ (1983), дотсент (1984). Меъмори фахрии ҶТ (2010), «Аълочии маорифи ҶТ» (2000).

Усмон Раҷабов
Раҷабов Усмон Норович
Таърихи таваллуд 26 феврал 1950(1950-02-26) (74 сол)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ меъмор
Ҷойҳои кор Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, кооперативи илмию истеҳсолии «Нур», Пажӯҳишгоҳи шаҳрии лоиҳакашии «Душанбегипрогор»
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Усмон Раҷабов баъди хатми фак. меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ, (1972) дар кори каф. меъморӣ мондааст. Асп. Ин.- ути инж.-сохтмонии ба номи В. В. Куйбишеви Москва (1979-82), омӯзгори калон, дотсент (1983), муовини декани шуъбаҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ (1983—1986), меъмор, сармеъмор, саринж. лоиҳаҳо, саринж. «Агропромпроект», директори кооперативи илмию истеҳсолии «Нур» (1986—1992). Аз с. 2004 — муовини сардори Департаменти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, сардори Раёсати экспертизаи давл. ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, дир. Пажӯҳишгоҳи шаҳрии лоиҳакашии «Душанбегипрогор». Муаллифи қариб 50 асари тадқ. илмӣ ва таълимию методӣ, дастури таълимӣ. Таҳиягари 24 лоиҳа, аз ҷумла бинои Маркази идораи ҳаракати ҳавопаймоҳои фурудгоҳи пойтахт, бинои паҳлусохти иморати СММ дар Душанбе, хобгоҳи шунавандагони қӯшуни сарҳадоти ҶТ. Бо Нишони Фахрии КМ ВЛКСМ (1986) сарфароз гардонида шудааст.[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013. — С. 109. — 184 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6