Устурашиносӣ (форсӣ: اسطوره‌شناسی‎), афсонашиносӣ (форсӣ: افسانه‌شناسی ‎) — донишест, ки ба баррасии равобит миёни асотир ва ҷойгоҳшон дар дунёи имрӯз мепардозад.

Таърих

вироиш

Омӯзиши асотир аз файласуфони Юнони Қадим сар шудааст. Ба ақидаи Арасту шахсе, ки асотирро дӯст медорад, то андозае файласуф аст, зеро ҳикмат аз донистани сабаб иборат буда, асотир, тафсири сабаби ҳодисаҳои табиат аст. Дар асрҳои 3-4 навафлотуниён даъво мекарданд, ки фалсафа ва асотир як ҳақиқатро меомӯзанд. Минбаъд устурашиносӣ дар фалсафаи атиқа шакли маҷозӣ мегирад. Файласуфи англис Фрэнсис Бэкон дар асари «Ҳикмати ниёкон» исбот мекард, ки асотири манзум дорои фалсафаи қадим аст, зеро то садаи XIX барои аврупоиён танҳо асотири юнониёну румиҳо маълум буду басоли Вале аз миёнаи садаи XIX муҳаққиқон дарёфтанд, ки асотир доманаи васеътаре дорад — ҳиндуҳо, эрониён, олмониҳо ва халқҳои дигари ҳиндуаврупоӣ асотири ғаниро моликанд.

Дар садаи XVIII файласуфи итолиёӣ Ҷамбаттисто Вико асотирро ифодаи «метафизикаи фантастикӣ»-и одамони қадим, «ҳикмати манзум» дониста, фаҳмиши таърихии асотирро ҷорӣ намуд. устурашиносӣ-и давраи маорифпарварӣ (Н. Фонтенел, Волтер, Д. Дидро, Ш. Монтескё ва ғайра) аз таҳлили таърихии асотир даст кашид, ки нисбат ба Вико қадаме ба ақиб буд. Дар садаи XVIII шоири англис Ҷ. Макферсон («Достони Оссиана») ва файласуфи олмонӣ И. Г. Гердер асотирро ифодаи ҳикмати умумихалқӣ донистанд. устурашиносии романтизм устурашиносӣ-и бадеӣназариявӣ буд. Романтикҳо ҷиҳати умумибадеии асотирро, ки дар таълимоти «асотири бадеӣ» ифода ёфтааст, таҳлил карданд. Намояндагони ин тафсири асотир К. Ф. Морис (1757-93) ва К. А. Бёттигер, дар соҳаи адабиёт Ф. Шлегел, А. Шлегел, Л. И. Арним (1781—1831), К. Брентано (1778—1842), Я. Гримм (1785—1863) ва В. Гримм (1786—1859) буданд. Асоси фалсафии назарияҳои устурашиносиро асарҳои Ф. Шеллинг ва Г. Гегел ташкил доданд. Мисли бисёр ҷиҳатҳои ҳаёти маънавӣ романтизм дар омӯзиши асотир хеле пеш рафт. Моҳияти кашфиёти романтизм дар омӯзиши асотир аз он иборат буд, ки беасосии ҳама таъбироти пешинаи асотир якбора ошкор гашт. Асотир ҳамчун ҳақиқат дарк шуд. Ҳақиқат ба маъное, ки ҳомилони асотир онро ҳақиқӣ медонистанд. Ин пешравии ҳақиқӣ дар шинохту таъбири асотир буд. Вале дар таъбири асотир аз ҷониби романтизм тазод ҷой дошт, зеро асотир ҳамчун образи шоирона низ дониста мешуд. Агар чунин бошад, пас, воқеияти устура чӣ шуд? Аз ҳама пайравони романтизм танҳо салафи маъруфи Гегел Ф. Шеллинг дар таъбири асотир ба духӯрагӣ роҳ надод. Ф. Шеллинг дар «Фалсафаи асотир» пайдоиши ҳар як устураро аз айнияти худовандӣ, яъне тавҳид медонист. Шеллинг аввалин шуда, идроки асотирро ҳамчун бофтаи шоирона ё фалсафӣ рад кард. Ӯ омӯзишу дарки «ботинӣ»-и устураро тақозо карда, мегуфт, ки асотир бояд мувофиқи қонуниятҳои ботинии худаш фаҳмида шавад. Дар доираи устурашиносӣ-и романтизм як қатор назарияҳои устурашиносии позитивистӣ пайдо шуданд. Дар миёнаи садаи XIX дар адабиёти фалсафӣ назарияи хуршедӣ-метеорологӣ ё «Мактаби асотирӣ» (А. Кун, М. Мюллер, Ф. И. Буслаев, Л. Ф. Воеводский, О. Миллер) пайдо шуд, ки асотирро ҳамчун рамзи ин ё он ҳодисаи кайҳонӣ ва самовӣ (атмос­ферӣ) шарҳ медод. Пайравони ин назария дар асотир таҷассуми тасвиру ташреҳи падидаҳои олам, бештар падидаҳои самовиро медиданд. Зумрае аз намояндагони ин мактаб асотирро ҳамчун дини қадим медонистанд. Шохаи такомули (эволютсионистӣ)-и ин мактаб ба асотир ҳамчун ҷаҳонбинии содае, ки дин аз он мазмун мегирад, назар мекарданд. Масалан, ба андешаи Э. Тейлор асоси устураро ҳамон ақидаҳои анимистие ташкил медиҳанд, ки дин аз онҳо ташаккул ёфтааст. «Дарёфти асотир дарёфти дини халқист» — мегуфт ӯ. Баръакси ин, назарияи «устурашиносии заминӣ» (В. Шварс, М. Манхардт, Г. Узенер) асотирро ҳамчун инъикоси ҳодисаҳои одии зиндагӣ тафсир карда, муҳаққиқонро ба омӯзиши на танҳо образ­ҳои асотирии бузург, балки образҳои хурдтарин водор мекард. Аммо фалсафаи позитивизм бо ин назарияҳои устурашиносӣ маҳдуд нашуд. Назарияи анимистӣ аз маводди фаровони антро­пологӣ ва мардумшиносии халқҳои гуногун истифода бурда, тасаввурот дар бораи рӯҳро асоси тамоми асотир медонист. Пайравони назарияи анимистии устурашиносӣ дар Англия Э. Тейлор (1832—1917), Г. Спенсер, Э. Ленг, Ф. Ҷевенс, дар Олмон — Л. Фробениус, П. Эрепрейх ва ғайра буданд. Дар садаи XIX дар қатори фаҳмиши анимистӣ, сотсиологӣ ва антропологии устурашиносӣ кӯшишҳои таҳқиқи таърихии асотир пайдо шуданд. Ҳамин тавр назарияи таърихӣ-филологӣ (У. Виламовис Мёллендорф, М. Нилсон, А. Кун, В. Властов, Ф. Ф. Зелинский, Н. И. Новосадский, Б. Л. Богаевский, С. А. Жебелев) дар қатори усули таҳлили адабӣ ва забоншиносӣ маълумоти бостоншиносӣ (археологӣ), мардумшиносӣ (этнографӣ) ва таърихи умумии дунёи қадимро истифода бурдааст. Инкишофи назарияҳои устурашиносӣи нимаи дуюми садаи XIX — ибтидои садаи XX аз он шаҳодат медиҳанд, ки устурашиносии позитивистӣ дар ҳалли масъалаи устура аз фаҳмиши халқ ҳамчун офарандаи таърих ва асотир дур аст.

Назарияҳои баъдинаи устурашиносӣ ба маълумоти мантиқӣ ва равоншиносии таърихи шуури инсонӣ асос ёфта, хусусияти таҷридӣ (абстрактӣ) ва зиддитаърихӣ доранд. Дар байни ин назарияҳо — назарияи фарҳангию таърихӣ (Ҷ. Фрезер, Г. Р. Леви, Б. К. Малиновский, Ж. Дюмезил, П. Сентив, Ш. Отран, Ж. Беде, Ф. Реглан, Ш. Бодуэн, Э. Миро, Р. Карпентер) бештар паҳн шудааст. Яке аз маъруфтарин муҳаққиқо­ни асотир Ҷ. Фрезер (дар қатори Леви Стросс) дар «Шохаи тилоӣ» ақида дошт, ки сеҳр нисбат ба устура муқаддам аст. Ба ақидаи ӯ асотир илми содалавҳон аст ва вазифаи аввалини онҳо таъбири маросим мебошад. Дар садаи XX ин ақида инкишоф ёфт ва устураро идома ё пайдошуда аз маросим донистанд.

Ба андешаи мардумшиноси англис Б. Малиновский асотир қувваи азими иҷтимоист. Асотир ба назари ӯ, сохти ҷомеа, қонунҳо ва арзишҳои ахлоқии онро асоснок менамояд. Асотир бо ҳама ҷиҳатҳои ҳаёти халқ, аз ҷумла, бо маросим пайваст аст.

Асотири мардуми эронинажод аз тарафи адабиётшиносони шӯравӣ И. С. Брагинский, Е. Э Бертелс, Ш. Ҳусейнзода, Х. Шарифов, А. Самиев ва муҳаққиқони эронӣ Меҳрдод Баҳор, Абулқосим Исмоилпур, Жола Омӯзгор мавзӯи таҳқиқу таълиф қарор гирифтааст.

Назарияи асотир аз тарафи олимони даврони шӯравӣ А. Ф. Лосев, А. М. Золотарев, С. А. Токарев, Ю. П. Франсев, М. И. Шахнович, В. И. Абаев, Е. М. Мелетинский ва дигарон дар робита бо дин, таърих, фалсафа, афсона ҳамаҷиҳата таҳқиқу баррасӣ шудааст.

Нигаред низ

вироиш

Сарчашма

вироиш