Фазоил Атоуллохонов
Фазоил Иноятович Атоуллохонов — олим, биофизики тоҷик, доктори илмҳои биология (1984), профессор (1995). Узви ҷамъиятҳои биофизикҳои Россия ва ИМА.
Фазоил Иноятович Атоуллохонов | |
Таърихи таваллуд | 23 апрел 1946 (78 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | Биофизика |
Ҷойҳои кор | Институти иммунология (1985–1987), Институти биофизикаи назариявию таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1988–1989), Маркази илмии гематологии Маскав (1989–2006). Маркази масъалаҳои назариявии фармакологияи физикавию кимиёии Академияи илмҳои Россия, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов |
Вебгоҳ | fazly.ru |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1969). Лаборант ва аспиранти Институти биофизикаи назария вӣ ва таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1969–74), корманди Институти таҷрибаи биологӣ ва пайвастаҳои табиии Академияи илмҳои ИҶШС (1975–1985), ходими калони илмии Институти иммунология (1985–1987) ва Институти биофизикаи назариявию таҷрибавии Академияи илмҳои ИҶШС (1988–1989), мудири лабораторияи Маркази илмии гематологии Маскав (1989–2006). Аз с.2006 – директори Маркази масъалаҳои назариявии фармакологияи физикавию кимиёии Академияи илмҳои Россия, ҳамзамон (аз с. 1995) профессори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов.
Атоуллохонов дар соҳаи назарияи мубодилаи моддаҳо, биофизикаи манзумаҳои мураккаб, динамикаи ғайри хаттӣ, амсиласозии математикии шабакаҳои мубодилаи модда, динамикаи фазоии лахтбасти хун ва ғ. зиёда аз 200 таълифоти илмӣ ба чоп расондааст.
Осор
вироиш- Регуляция метаболизма в эритроцитах. - М., 1983;
- Новая лекарственная форма: даунорубицин, инкапсулированный в эритроциты // Актуальные вопросы гемотологии и трансфузиологии. - СПб., 2000 [1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.77-78
Пайвандҳо
вироиш- Сайт лаборатории физической биохимии Бойгонӣ шудааст 17 Декабри 2014 сол.
- Сайт ЦТП ФХФ РАН
- Сорок пять микрон в минуту. Эксперт, №50(639), 22 декабря 2008 Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2016 сол.