Файзии Турбатӣ
Мавлоно Алӣ Файзӣ Турбатии Гунободӣ (форсӣ: مولاناعلى فيضى تربتى گنابادى; ? — 1443, Машҳад) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишВай дар ибтидои ҷавони барои касб дониш ба Ҳирот рафт ва муддате ба таҳсили илм пардохт. Пас аз он, ба Озарбойҷону Ироқ сафар намуд ва чанде дар Табрез зист. Сипас ба Машҳад сафар кард ва дар онҷо сокин шуд то инки дар он шаҳр бадруди ҳаёт гуфт.
Баъзе аз тазкиранависон вайро аз шоирони муосир Акбаршоҳ донистаанд ва овардаанд, ки вай чанде дар Ҳинд зистааст ва ин иштибоҳи ибтидоӣ аз Тақиюддини Авҳадӣ сар зада ва баъзе аз тазкиранависон низ матолиби вайро такрор намудаанд[1].
Ба қавли Соммирзои Сафавӣ («Тӯҳфаи Сомӣ») девони ғазалиёт ва қасидаҳои зиёд доштааст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ فرهنگ شاعران پارسی گوی جلد 1. library.tebyan.net. 13 апрели 2024 санҷида шуд.
- ↑ Файзии Турбатӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).