Файзобод (оби маъданӣ)

«Файзобод» — чашмаи оби маъданӣ, ки дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод воқеъ аст. Яке аз обҳои маъдании серхаридор буда, оби онро мардум ҳамарӯза дар чор фасли сол нӯши ҷон мекунанд. Талабот ба оби «Файзобод» хеле зиёд аст.

Чашмаи оби маъдании «Файзобод»

Таъсиси корхона

вироиш

Корхонаи оби маъдании «Файзобод» соли 1979 сохта шудааст ва имрӯз ба мардум хидмат мерасонад. То соли 2005 оби «Файзобод» дар зарфҳои шишагӣ пешкаши мизоҷон мегашт. Ҳоло ҷойи зарфҳои шишагиро зарфҳои пластикӣ иваз кардаанд. Корхона дар як шабонарӯз беш аз 12000 литр об истеҳсол мекунад. Оби маъдании «Файзобод» шифобахш буда, ба ашхоси гирифтори бемориҳои меъдаву рӯда, талха, ҷигар, ғадуди зери меъда ва даҳҳо бемориҳои дигар тавсия дода мешавад[1].

  Ин об, ки дар шишаи "Файзобод" аст,

Аркони вуҷуди мо аз он обод аст.
Ин об на ҷӯйи оби Файзобод аст,
Обест, ки обрӯйи Файзобод аст.
Аз обу ҳазор чашмаи назру ниёз,

Ин об кунад умри туро дуру дароз.
 

Мувофиқи тавсияи мутахассисон, таркиби оби Файзобод, ки истеҳсолкунандаи он ҶДММ «Гумбулак»-и ноҳияи Файзобод мебошад, аз минералҳо бой буда, бартарафкунандаи чандин бемориҳост. Оби шифобахш ва нерӯбахшандаи Файзобод аз чуқурии беш аз 350 метри мукааб бе воситаи ягон насос ба таври худҷорӣ мебарояд. Аз соли 1992 инҷониб ҶДММ «Гумбулак» фаъолияташро ба роҳ монда, дар шишаҳои 1 ва 5 литра таҳти бренди «Файзобод» оби маъданӣ истеҳсол мекунад. Қабл аз истеҳсоли ин оби шифобахш ва хуштамъ мардум онро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мекарданд. Баъдтар ҳамаи хусусиятҳои шифобахшии онро ташхис намуданду зарурати бунёди корхонае, ки онро барои тамоми мардум истеҳсол кунад, пеш омад. Баъдан соҳибкор Анвар Гулов ҳамаи он вазниниро бар дӯш гирифту кӯшиш намуд, ки оби «Файзобод»-ро бо сифат ва талаботи замонавӣ истеҳсол намояд. Имрӯз иқдоми ин мардро фарзандаш Акрамҷон Гулов идома медиҳад[2].

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.
  2. © PRESSA.TJ, Оби шифобахши Файзобод. Jun 19, 2015