Бозор Собир
Бозор Собир (форсӣ: بازار صابر; 20 ноябри 1938, деҳаи Суфиён, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 1 майи 2018, Сиэтл, ИМА) — шоири маъруфи тоҷик. Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ(1988). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1973).
Таърихи таваллуд: | 20 ноябр 1938 |
---|---|
Зодгоҳ: | деҳаи Суфиён, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 1 май 2018 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | |
bozorsobir.com |
Зиндагинома
вироишБозор Собир дар 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Падараш дар ҷанги ҷаҳонии дувум шаҳид шуда буд. Баъдҳо Бозор гуфтааст:
Дар сари кӯчаҳои Файзобод,
Чашм ба роҳи куҳна шому саҳар.
Кӯдакиам ҳанӯз гирён аст,
Дар кафи ӯ хатти сиёҳи падар.
Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.
Корнома
вироишХодими адабӣ ва мудири шуъбаи ҳафтаномаи «Маориф ва маданият» (то соли 1975), мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975—1979), ҷонишини раиси Шӯрои назми ИН Тоҷикистон (1979—1981), мушовири шуъбаи назми ИН Тоҷикистон (1981—1990), вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1990—1991)[1].
Эҷод
вироишНахустин шеърҳои Бозор Собир солҳои 60 асри 20 дар матбуоти Тоҷикистон ба табъ расиданд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Оташбарг» (1984; бо ҳуруфи форсӣ, соли 1990 ба забони русӣ), «Бо чашидан, бо чамидан» (1987), «Чашми сафедор» (1991), «Симхор» (1995), «Аз Ватан вақте ки мерафтам» (1999), «Аз гули хор то симхор» (2003), «Шоиру шеъре агар ҳаст» (2004), «Хуни қалам» (2010), «Лолаи сиёҳ» (2010). Инчунин баргузидаи ашъораш соли 1995 дар ҶИЭ («Баргузидаи ашъори устод Бозор Собир») ба табъ расид[1].
Мавзӯъи ашъор
вироишБозор Собир шоири лирик аст. Мавзӯъҳои ашъораш ба олами ҳиссиёт, махсусиятҳои идрок, доираи ҷаҳонбинӣ, паҳлуҳои дунёфаҳмӣ ва меъёрҳои инсоншиносии қаҳрамони лирикии шеър сахт вобаста мебошад. Хусусияти субъективӣ ва эътибори лиризми ҳаяҷонбахшу андешапарвар дар тамоми анвои шеъри Бозор Собир бар мабдаъ ва ҷанбаи объективӣ бартарии комил дорад. Ба ин маънӣ дар назми тасвирӣ, ашъори манзаравӣ ва ошиқонаи ӯ тасвирҳои равонию драматикӣ кам нестанд. Дар шеъри Бозор Собир руҳияи худи шоир ва ҳиссиёту андешаҳои ботинии ӯ нисбат ба аҳли заҳмат зикр шудааст. Дар шеърҳояш ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бар таърихият ва инсондӯстӣ асос ёфта, ба тавассути андешаҳо, мулоҳизаву муҳокимаҳои фалсафӣ ифода шудаанд. Мафҳум ва тасвири Ватан дар ашъори Бозор Собир пайваста бо саҳфаҳои таърих ва такмили дарку эҳсоси қаҳрамони лирикӣ таҳаввул ёфта, мазмунан амиқ аст ва ба шахси қаҳрамони лирикӣ пайвандӣ дорад:
Агар мо дарду ғам дорем,
Ватан ҳам дарду ғам дорад…
Ватан хунест, к-он дар шаҳраги хунгарди мо ҷорист…
Ватан бо мост.
Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ӯем.
Дар олам хоми моро оташи ӯ метавонад пухт,
Дар олам хушки моро метавонад оби ӯ тар кард.
Пайванди ҳастии инсон, халқ бо Ватан мазмуни ғоявии бисёр шеърҳои Бозор Собир-ро ташкил медиҳад («Кӯҳистон», «Хати сурх», «Хона», «Шабе дур аз Ватан»). Дар як қатор шеърҳои ӯ, ки ба мавзӯи Ватан марбутанд, назари таърихии қаҳрамони лирикӣ мақоми махсус дорад. Дар онҳо саҳифаҳои қаҳрамонию фоҷеаомези таърихи халқу Ватан аз эҳсосу тафаккури қаҳрамони лирикӣ гузашта, манзараҳои драматикии ҳаёту муборизаи аҷдоди халқи тоҷик, фарзандони барӯманди ӯ баҳри озодию ободӣ ба ҷилва меоянд («Забони модарӣ», «Теғи Сино», «Бухоро», «Ман худамро кушта-кушта» ва ғ.). Як силсила шеърҳои Бозор Собир ба васфи Тоҷикистон, зодгоҳ, кӯҳистони диёри офтобиамон бахшида шудааст («Тоҷикистон», «Дар оғӯши кӯҳистон», «Душанбе», «Ҳасад мебарам»). Дар шеърҳое, ки шоир дар бораи ашхоси маъруфи гузаштаву имрӯза навиштааст, тавассути образи бадеӣ пайванди шахсро бо халқ ва Ватан таъкид намудааст («Фирдавсӣ», «Муҷассамаи Айнӣ», «Қисмати шоир», «Туро ҳамчун Бухоро дӯст медорам», «Сафаре ба дилҳо» ва ғ.). Як қисми муҳимми эҷодиёти Бозор Собир ба васфу тараннуми заҳмати фидокорона ва корномаҳои таърихии халқи шӯравӣ («Кафшер», «Антигона», «Сарбоз», «Пирамард»), ба ситоиши деҳқони тоҷик («Фарзанди деҳқон», «Мо кӯдакон будем…»), ба ёди айёми кӯдакию наврасӣ («Кӯдакӣ ку?» «Кӯдакиям ҳанӯз гирён аст» ва ғ.) бахшида шуда, ҳамаи ин шеърҳо саршори оҳангҳои гражданӣ мебошанд[1].
Дар ашъори Бозор Собир тасвири манзараҳои табиат пайваста бо вазъу ҳолатҳои гуногуни қаҳрамони лирикӣ омада, воситаи ифодаи ғалаёни фикру андеша, оҳангҳои иҷтимоӣ ва ҳиссиёти ошиқона мегардад («Ширмаҳтоб», «Барф», «Абрҳо», «Тирамоҳ», «Борон», «Дар зери шаршара» ва ғ.).
Мақому манзалати инсон дар ҷамъият, масъулияти шоир дар назди таърих ва башар, моҳият ва мақсаду вазифаҳои каломи бадеъ дар ҳаёти инсоният мундариҷаи як силсилаи шеърҳои Бозор Собир-ро ташкил медиҳад («Асп», «Пас аз мо», «Роҳҳо», «Саҳна»), муроҷиат ба воқеаҳои ҷудогонаи асри 20 боиси дар эҷодиёти Бозор Собир ба миён омадани шеърҳое гардидааст, ки дар онҳо андешаҳои иҷтимоию фалсафии шоир оид ба имрӯзу фардои башар ифода гардидаанд («Кӯч мебандам», «Асри XX», "Ба хотираи «Союз-11»). Ашъори ишқии Бозор Собир нарму беғаш, саршори суруру шодмонӣ, ғаму ғусса, умедворию навмедист, ки ҳама хосиятҳои ошиқон мебошанд.
Ашъори Бозор Собир дар ташаккули шеъри муосири тоҷик нақши намоён гузоштаанд. Ӯ яке аз пешгомони шеъри тасвирӣ дар адабиёт ва назми муосири тоҷик аст. Дар шеъри Бозор Собир унсурҳои вуқӯъгӯию романтизм, сентиментализму имажинизм ба ҳам омада, боиси гуногунрангии тобишҳои услубии эҷодиёти ӯ гардидаанд. Биниши зебоипарастию бадеии Бозор Собир бар дардошноию хайрхоҳӣ нисбат ба падидаву ҳодисоти муҳит асос ёфтааст. Дар баъзе шеърҳояш таъсири шеъри нави Эрон ба назар мерасад («Пас аз мо», «Ситораҳо», «Кӯч мебандам» ва ғ.). Дар ашъори солҳои охираш пазмонӣ ба Ватан, ёди айёми наврасию ҷавонӣ, табиату манзараҳои Тоҷикистон, ашхоси барояш қарин, гила аз беадолатиҳои иҷтимоии ҷаҳони сармоядорӣ бештар садо медиҳанд.
Бозор Собир дар қолабҳои анъанавӣ, ба усули арӯзи озод ва шеъри сафед эҷод мекунад. Шогирдони бисёре тарбият кардааст, ки иддае аз онҳо ҳоло шоирони номиянд (Раҳмат Назрӣ, Низом Қосим, Парда Ҳабиб, Сайёди Ғаффор ва дигарон). Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, гурҷӣ, литвонӣ тарҷума шудаанд. Аз осори Ҷ. Байрон, А. Рембо, П. Неруда, Г. Аполлинер, Р. Ҳамзатов, С. Есенин, Э. Межелайтис, М. Светлов, А. Орифов ва дигар адибони хориҷию собиқ шӯравӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаҳо дорад[1].
Муҳоҷират
вироишДар воқеоти охири солҳои 80 — ибтидои 90-уми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард.
Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда, дар соли 1994 ба Маскавва декабри соли 1995 ба шаҳри Сиэтли ИМА муҳоҷират карда, онҷо ба кори боркашонӣ машғул буд[2]. То моҳи майи соли 2013 ҳамон ҷо иқомат дошт.
27 майи соли 2013 ба Тоҷикистон бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт[3][4] ва дар Душанбе зиндагӣ кард.
Беморӣ ва даргузашт
вироишБозор Собир чанд соли охир аз бемории қалб ранҷ мекашид[5] ва 1 майи соли 2018 дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон, ки як моҳи охир табобат мегирифт, даргузашт[6][7].
Ҷоизаҳо
вироиш- Грамотаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1988),
- Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III (2013)[8].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Бозор Собир / А. Абдуманнонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- ↑ Нурали Давлат. Бозор Собир. Заблудившийся кумир. asiaplustj.info. ASIA-Plus (19 июни 2015). 17 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Пешвози ҳукуматии Бозор Собир дар Фурудгоҳи Душанбе.(пайванди дастнорас)
- ↑ Барнои Қодирдухт. Бозор Собир: “Ман ҳамон Бозорам, ба касе фурӯхта нашудаам”(тоҷ.), Радиои Озодӣ (4 июни 2013). Проверено 17 марти 2023.
- ↑ Аҳволи Бозор Собир дар Амрико вазнин шудааст(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (5 апрели 2018). 17 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти шоири номдори тоҷик Бозор Собир(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (1 май 2018). 17 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти Бозор Собир. Президент ба интиқоли ҷасадаш ба ватан дастур дод. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (1 май 2018). 17 марти 2023 санҷида шуд.
- ↑ РАО/РО. "Ситораи Президент" - нахустин ордени Бозор Собир. Аммо чаро дараҷаи 3?(тоҷ.), Радиои Озодӣ (4 сентябри 2013). Проверено 17 марти 2023.
Пайвандҳо
вироиш- bozorsobir.com — вебгоҳи расмии Бозор Собир