Файзуллоҳ Ансорӣ

(Тағйири масир аз Файзулло Ансорӣ)

Файзуллоҳ Ансорӣ (20 марти 1931, деҳаи Некноти ноҳияи Панҷакент — 28 апрели 1980, Душанбе) — шоир ва драманависи тоҷик. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).

Файзулло Ансорӣ
Таърихи таваллуд: 20 март 1931(1931-03-20)
Зодгоҳ: ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт: 28 апрел 1980(1980-04-28) (49 сол)
Маҳалли даргузашт: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, драматург
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо:
Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin"

Зиндагинома

вироиш

Файзулло Ансорӣ 20 марти соли 1931 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент (1947) ва факулттети филологияи Институти давлатии педагогии Душанбе (1951). Муддате дар ҳамин донишкада муаллим буд.

Кору фаъолият

вироиш

Сармуҳаррири шуъбаи адабию драмавии Идораи радиошунавонии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1953 — 56), мудири шуъбаи адабиёти бадеии Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1956 — 59), сармуҳаррири шуъбаи адабию драмавии студияи телевизиони тоҷик (1959 — 60). Аз соли 1960 муҳаррири калони сарредаксияи Комитети давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба нашриёт, полиграфия ва савдои китоб.

Аз соли 1954 узви Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад[1].

Эҷодиёт

вироиш

Шеърҳояш аз соли 1948 сар карда дар матбуот ба табъ расидаанд. Китоби нахустинаш — «Калхот ва кабӯтарон» (1954) дар асоси афсонаи халқӣ иншо шудааст. «Гулдастаи дӯстӣ» (1956) нахустин маҷмӯаи ашъори шоир аст. Мавзӯи ашъори ин маҷмӯа ва шеърҳои лирикии дар маҷмӯаҳои баъдинаи Ансорӣ ҷой гирифта тараннуми ишқи поки инсон, муҳаббату садоқат ба Ватан, ба халқи тоҷик, гиромидошти анъанаҳову суннатҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, пирони рӯзгордида ва ғайра мебошад. Забони ашъори Ансорӣ, чи дар шеърҳои лирикӣ, чи дар достонҳо ва драмаҳои манзумаш содаву равон, фасеҳ, орӣ аз сакта аст. Ансорӣ шоири вуқӯъгӯ, мушаххаснавис, ифодагари самимитарин эҳсосоти шахс — қаҳрамони лирикӣ мебошад.

Баъдан маҷмӯаҳои Ансорӣ «Офтоб дар роҳ» «Дур аз шаҳр» (ҳарду 1957), «Гулшан» (1958), «Имтиҳон» (1961), «Шарофат», «Тори илҳом» (ҳарду 1963), «Буттаи гул» (1969), «Оинаи дил» (1973), «Тӯй барпо нашуд» (1979), «Оинаи махмалпеч» (1981), «Сарвати дил» (1982) ва ғайра ба табъ расидаанд, ки дар онҳо достонҳо ва драмаҳои шоир фароҳам омадаанд. Фаъолияти эҷодии Ансорӣ ба маънои пурра аз достонсароӣ оғоз ёфтааст. Вай муаллифи достонҳои «Гулшан», «Офтоб дар роҳ» (ҳарду 1956), «Дур аз шаҳр» (1957), «Шарофат» (1963), «Дӯстонро то расонад рӯзи тӯй» (1976) мебошад. Қаҳрамонони достонҳои Ансорӣ ҷавонони деҳотанд. Дар онҳо ташаккули одами нав, орзую омол ва муборизаи қаҳрамон муқобили урфу одатҳои зараровари куҳна, мазаммати ашхоси худхоҳу бадтинат ва ғайра инъикоси бадеии худро ёфтаанд. Дар достонҳо нақли муфассали саргузашт ва фаъолиятмандии қаҳрамон мавқеи марказӣ дошта, пояи достони эпикиро дар адабиёти тоҷик устувор кардаанд.

Дромнависӣ

вироиш

Ансорӣ ба драманависӣ солҳои донишҷӯ буданаш шурӯъ кард. Драмаҳои манзуму мансури «Имтиҳон», «Ҳаёт ва ишқ» (ҳарду 1958), «Иҷоранишин» (1961), «Ҳукми модар» (1962), «Висол», «Як либос атлас» (ҳарду 1972), «Мактубро ман навиштам», «Духтари актриса» (ҳарду 1973), «Зинапоя» (1974), «Тӯй барпо нашуд» (1978) ва ғайра ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳамаи драмаҳои Ансорӣ дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқии мазҳакаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, театрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Тоҷикистон рӯи саҳна омадаанд. Ансорӣ дар драмаҳояш ба мавзӯъҳои ахлоқу одоб, виҷдону шарафи инсон, нангу номуси миллӣ, иззату эҳтироми шахс дар ҷомеа, ишқи поку беолоиш ва ғайра даст задааст. Драмаҳои Ансорӣ ба ҳаёти воқеӣ асос ёфтаанд, пояҳои иҷтимоиашон устувору пурқувват аст. Пйесаи «Имтиҳон» яке аз асарҳои дарозумртарин, маъмултарин, машҳуртарин ва сертамошобини Ансорӣ мебошад. Ансорӣ матни либ- реттои операҳои «Пӯлод ва Гулрӯ» (дар асоси романи Раҳим Ҷалил «Одамони ҷовид»), «Шарофат»-ро (дар асоси достони худаш) таълиф намудааст. Намоиши операи «Пӯлод ва Гулрӯ» соли 1957 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Шеърҳои Ансорӣ дар китобҳои дарсӣ ва баёзу маҷмӯаҳои муштарак дарҷ гардидаанд. Ансорӣ шоири суруднавис мебошад. Оҳангсозони тоҷик бисёр шеърҳои ӯро ба оҳанг даровардаанд.

Китобҳо

вироиш

Китобҳои Ансорӣ «Офтоб дар роҳ» (1957) ва «Ситораи муҳаббат» (1967) ба забони русӣ дар шаҳри Душанбе ба табъ расиданд. Асарҳои Ансорӣ инчунин ба забонҳои украинӣ, белорусӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра тарҷума шудаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин», Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Белорусия сарфароз гардидааст. Узви ИН Тоҷикистон аз соли 1954.

Адабиёт

вироиш
  • Шарифов Х., Ҷустуҷӯи илҳом, маҷ. «Садои Шарқ», 1972, № 11;
  • Бобо Ҳоҷӣ, Ҳасрат бишуд ин орзу, маҷ. «Садои шарқ», 1981 № 3;
  • Акбарзода Ю., Меҳри Ватан, Д., 1989.

Адабиёт

вироиш


Пайвандҳо

вироиш