Файзулло Шарифзода

Файзулло Шарифзода — омӯзгор, донишманди маъруф, доктори илмҳои педагогӣ (1998), профессор (2000), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003), академики АТТ (2004), ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2006 – 2009), (2003). Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002)

Файзулло Шарифзода
Файзулло Шарифзода
Таърихи таваллуд 18 август 1940(1940-08-18) (83 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар Парчами Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сафорати ИҶШС дар Афғонистон, литсейи “Некӣ” – и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980)

Зиндагинома вироиш

Файзулло Шарифзода 18 августи соли 1940дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (1964) мебошад. Солҳои 1958–1965 дар вазифаҳои муаллими мактаби миёнаи № 81-и ноҳияи Рӯдакӣ, 1965–1967 методисти Кабинети методии ҷумҳуриявии Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1967–1973 муовини директори Кабинети методии љумњуриявї, 1973–1976 аспирант, 1976–1984 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. С. 1984 – 1987 ба ҳайси котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Афғонистон, 1987 – 2000 дотсент, профессори кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, с. 2000-2002 корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва муаллими литсейи “Некӣ” – и Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст. Аз соли 2003 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи илм ва инноватсия кор мекунад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Ӯ соли 1997 дар мавзӯи «Назария ва амалияи таълими њамгиро дар мактаби миёна» рисолаи илмиашро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори унвони баланди доктори илми педагогика гардид. Минбаъд дар асоси ин рисола асарҳои бунёдиаш «Назария ва амалияи таълими њамгиро дар марњалаи ибтидоии мактаби миёна» (1997) ва «Таълими њамгиро: проблема, тањқиқ ва андешањо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000) таълиф ва чоп шуданд, ки дар тањқиқи назарияи таълими њамгиро аз иқдомоти аввалин мебошанд. Дар таълифи китобњои дарсии Алифбо, Забони модарї (барои синфи 4) (1989-2012), Одобнома (барои синфҳои 5-6) (1995) Педагогика ва барномаи таълими он (2008), Забони модарӣ барои синфи 2 (2012)ҳаммуаллифӣ кардааст. 45 нафар аспирант ва унвонҷӯён зери роњбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.

Осор вироиш

  • Таълими муштарак – асоси инкишоф ва тарбия (1995),
  • Таълими лексика дар синфи 2 (1982);
  • Дарсњои забони модарӣ дар синфи 4 (дастур барои муаллимон) (1990);
  • Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна (1997),
  • Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо (қисми 1, 1999),
  • Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо (қисми 2, 2000),
  • Очеркњои афкори педагогӣ (ҳаммуаллиф) (2005);
  • Актуальные проблемы современной педагогики (2 қисм) (2009), (2010);
  • Ҳакими маърифат (2009);
  • Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ (2010);
  • Учитель творец добра и прогресса (њаммуаллиф) (2011);
  • Педагогикаи њамгиро (2011);
  • Ҳикмати афкори педагогии ниёгон (2012);
  • Педагогикаи қарни ХХI (бо њуруфоти арабӣ), Тењрон (2012);
  • Педагогикаи умумӣ ва касбӣ (2013);
  • Педагогикаи ибтикорӣ (2013);
  • Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2 (2014).

Асарҳои калонҳаҷму пурмӯҳтавои «Масоили актуалии педагогикаи муосир» (иборат аз ду китоб, солњои 2009-2010), «Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» (2010), «Педагогикаи ҳамгиро» (2011)-ро таълиф намуд. Илова бар ин, ӯ яке аз муаллифони китобҳои пурарзиши «Очеркҳои афкори педагогӣ» (2005), «Педагогика (курси лексияҳо)» (2006), «Ҳакими маърифат» (2009), «Муаллим - офарандаи накӯӣ ва пешравиҳо», «Педагогика» (2010), «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» (2012) мебошад. Устод Файзулло Шарифзода дар таълифи китобҳои дарсии «Алифбо», «Забони модарӣ» (барои синфи 2), «Забони модарӣ» (барои синфи 4), «Одобнома» (барои синфњои 5-6) низ ҳаммуаллифӣ карда, муаллифи чандин дастуру барномаҳои таълимӣ мебошад.[1]

Эзоҳ вироиш