Факултаи такмили ихтисос (ДДФСТ)

Такмили ихтисос — яке аз факултаҳои Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода" мебошад.

Таърих

вироиш

Факултаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр бо фармони Вазири фаҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2008 дар доираи татбиқи амалии «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007 - 2008» таъсис ёфт. Айни ҳол декани факулта Султонмурод Ёров мебошад. Факултаи такмили ихтисоси кормандони фарҳанг, санъат ва табъу нашр яке аз сохторҳои таркибии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳсуб меёбад. Соли даҳум аст, ки дар факулта шунавандагон аз сохторҳои мухталифи фарҳангу санъати шаҳру навоҳии кишвар давра ба давра ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҷиҳати таъмини низоми муташаккили раванди таҳсил масъулини факулта ибтидои ҳар соли хониш нақшаи даъвати шунавандагонро аз рӯи самтҳо таҳия намуда дар раёсати донишкада тасдиқ менамоянд. Факулта то ин дам асосан кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, мудирони клубҳои деҳот, методистони раёсатҳо ва шуъбаҳои фарҳанг ва санъат, омӯзгорони мактабҳои санъат ва мусиқӣ, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангу санъатро ба таҳсили кӯтоҳмуддат даъват намуда раванди таҳсилро барои онҳо таъмин намудааст. Дар соли 2015 дар назди факултаи такмили ихтисос курсҳои тайёрӣ барои ҳама ихтисосҳои эҷодии донишкада кушода шуд, ки сари вақт эълонҳо дар газетаҳои ҷумхуриявӣ чоп гардидаанд. Мувофиқи нақшаи таълимӣ онҳо сари вақт бо устодон ва синфхонаҳо таъмин гаштанд, Баъди гузаронидани дарсҳои курсҳои тайёрӣ ба шунавандагон шаҳодатнома дода шуд. Соли 2015 раёсати донишкада иҷозатномаро барои ба пешбурди фаъолияти таълими (АУ № 0000657) аз рӯйи 7 ихтисос аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (14.02.2015.) ба муҳлати 5 сол гирифтааст. 13.10. 2015 дар бораи тасдиқи «Низомномаи факултаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр» дар маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.[1].

Адабиёт

вироиш
  1. Сомонаи ДДФСТ. www.ddst.tj (24 Январ 2019). 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 сентябри 2018.