Факултаи рассомию графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

Факултети рассомию графикӣ — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёби - соли 1980.

Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият вироиш

Соли 1967 дар ДДО Ленинобод ба номи С. Киров дар ҳайъати 3 нафар омӯзгорон Д.Умаров, У. Аҳмадхоҷаев, А.И.Мазунин ва 26 нафар донишҷӯ шуъбаи нақшакашӣ, расм ва меҳнат таъсис дода шуд. Таърихи таъсиси факултет аз ин сана саршудааст. Бо мақсади такмили раванди таълим дар гурӯҳҳои русӣ муаллимони русзабон З.Н.Умеренкова, Б.П.Геза, А.И.Мазунин, В.А.Евсюков ва баъдтар хатмкунандагони Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомии шаҳри Тошканд А.Ҷамолиддинов, М.Абдуллоев, Р.Ойматов, Р.Ким ба кор даъват карда шуданд, ки ин тадбир барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати касбӣ ва малакаи донишҷӯён мусоидат кард. Аз соли 1972 шуъбаи номбурда кадрҳои нахустини худро ба воя расонида, барои фаъолият бурдан ба мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ фиристод. Аз байни хатмкунандагон донишҷӯёни соҳибистеъдод, ба монанди дотсент Т. Шодиев. О. Ғозиев, С. Ҳасанов, Ш. Аҳмадов, С. Олов, А. Бобоҷонов, Ю. Юсупов, М. Исмоилова, К. Абдуллоев, Л. Баранова, Г. Мухина ба ҳайати муаллимон шомил шуданд. Баъдтар Н.А.Руденка, С.Г.Вишняков, Л.Перошина, Х.Холматов, О.Исломов, Т.Раҷабов, Ф.Яҳёев, М.Қодирова, М.Мулоҷонов, М.Ашӯров, К.Шарипов, М.Акрамов, С.Шералиев ва дигарон ба фаъолият шурӯъ карданд.

Солҳои 80-ум солҳои пурбаракат барои шуъбаи нақша, расм ва меҳнат буд. Соли 1980 дар асоси шуъба факултети рассомию графикӣ таъсис ёфта, нахустин декани он З.Н. Умеренкова таъйин карда шуд. Таҳти роҳбарии ӯ факултет хеле вусъат ёфт. Нахустин омӯзгорон ба шаҳрҳои Москва, Ленинград, Киев, Минск, Витебск, Тошканд ва Душанбе рафта, дониш, маҳорат ва малакаи худро такмил медоданд. Соли 2004 ду нафар устодон-занони факултет М.Дадобоева ва М.Қодирова рисолаҳои номзадии хешро дар Шӯрои диссертатсионии МПГУ-и шаҳри Москва бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Бо зиёд шудани шумораи омӯзгорону донишҷӯён кафедраи нақшакашӣ ва расм ба 2 кафедраи алоҳида: нақшакашӣ ва усули таълими фанҳо ва кафедраи расм ва мусаввирӣ тақсим шуд. Роҳбарии кафедраи нақшакашӣ ва усули таълими фанҳо ба уҳдаи сармуаллим Д.Умаров, кафедраи расмкашӣ ва мусаввирӣ ба зиммаи номзади илм, дотсент А. Мазунин вогузошта шуд. С. Олов яке аз аввалин номзадҳои илм дар факултет буда, то соли 2007 вазифаи декании факултетро дар уҳда дошт. Соли 2007 доктори илмҳои педагогӣ, профессор О. Исломов декани факултет таъйин гардид. Ҳоло дар факултети рассомию графикӣ 3кафедра ("Расм ва мусаввирӣ", "Накшакашӣ,геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим" ва "Санъати ороиши амалӣӣ" фаъолият дорад, ки сарварии онҳоро дастпарварони факултет дотсентон С.Олов, А.Исоев ва М. Дадобоева ба зимма доранд. Дар факултет як доктори илм, профессор, нуҳ номзади илм, дотсент, 25 сармуаллиму ассистент фаъолият доранд.

Дастпарварони факулта вироиш

Пайвандҳо вироиш