Факултаи филологияи ӯзбеки ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Факултети филологияи ӯзбек — яке аз факултаҳои ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров мебошад. Таъсиёбӣ - соли 2018.
Таърихи таъсис ва соҳаи фаъолият
вироишСоли 1952 кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ташкил шуда, нахустин номзади илм, кадри маҳаллӣ Обидҷон Орифов мудир таъйин гардид. Соли 1977 кафедраи забони ӯзбекӣ ва кафедраи адабиёти ӯзбек ташкил шуд. Дар кафедраи забони ӯзбекӣ номзадҳои илмҳои филологӣ – О.Орифов, Ҳ.Мамадов, О.Абдуназаров, А.Каримов, А.Бердиалиев, сармуаллима О.Ғаффорова, муаллим Т.Мирзоқулов, дар кафедраи адабиёти ӯзбек – доктори илмҳои филологӣ, профессор Э.Шодиев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ҳ.Мирҳайдаров, сармуаллимон Т.Абдуқулов, А.Абдураҳмонов, А.Давронов, муаллимон Х.Эшонқулов, А.Абдуқодиров, Э.Мавлонбердиев фаъолият доштанд. Аз соли 1991 факултети филологияи ӯзбек мустақилона ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар солҳои таҳсили 1991-1998 ба факултет Т. Абдуқулов роҳбарӣ менамуд. Соли таҳсили 1998-1999 ба вазифаи декани профессор А. Абдуқодиров таъйин гардид. Дар соли хониши 1999-2000 факултети филологияи ӯзбек якҷоягӣ бо факултети филологияи рус фаъолият дошт, вале аз 29 декабри соли 2000 факултет бо фармони Вазорати маориф ва раёсати донишгоҳ боз мустақил гардид ва то соли 2007 дотсент Э. Мавлонбердиев, аз соли 2007 то соли 2011 дотсент Б.Шеронов ва баъд дотсент Т.Турдибоев сарварӣ намудаанд. Дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №01/1-1073 аз 29.10.2018 ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманди ду давлати ба ҳам дӯст - Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ибтикор ва қарори Шӯрои олимони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” № 3 аз санаи 31 октябри соли 2018, инчунин бо фармоиши ректори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” №328 аз санаи 05.11.2018 факултети филологияи ӯзбек таъсис дода шуд. Факултет бо намуди таҳсили рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) ба фаъолият шуруъ намуд.
Аз санаи 05.11.2018 ба вазифаи декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Тоҳир Ҳасанович Турдибоев таъин шуд.
Факултети мазкур бо потенсиали кадрӣ таъмин буда, ҳамчунин имконияти зиёдеро ҷиҳати таълиму тарбияи донишҷӯён доро мебошад. Дар факултет ду кафедра - “Забони ӯзбекӣ ва методикаи таълими он”, “Адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он” амал мекунад.
Айни замон, ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ин кишвари ба ҳам дӯст густариш ёфта, сол аз сол бастани созишномаи ҳамкории байналмилалӣ бо муассисаҳои олии таълимии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бештар гардида, он минбаъд барои мустаҳкам намудани равобити илмию фарҳангӣ ва табодули таҷрибаи тарафайн заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дастпарварони факулта
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |