Фаршед Зеҳнӣ
Фаршед Фарҳодович Зеҳнӣ (Тав. 15.01.1958, д. Боғимайдони шаҳри Самарқанд) — инженер - меъмор. Номз. илмҳои техникӣ (1988), дотсент (1994). Узви вобастаи Акад. меъморӣ ва сохтмони ҲТ (1995), узви Ҷамъияти Байналмилалии Геотехникон (ISSMGE). «Бинокори фахрии Россия» (2006).
Фаршед Зеҳнӣ | |
---|---|
Иттилооти асосӣ | |
Мамлакат | Русия, Тоҷикистон |
Таърихи таваллуд | 15 январ 1958 (66 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Кор ва дастовардҳо | |
Ҷоизаҳо | Дорандаи сертификати Эксперти байналмилалӣ аз рӯи барномаи SABIT-и Ин.-ути миллии стандартҳои ИМА (1996) |
Унвонҳо | «Бинокори фахрии Россия» (2006) |
Зиндагинома
вироишФаршед Фарҳодович Зеҳнӣ 15 январи соли 1958 дар деҳаи Боғимайони шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Набераи адабиётшинос Тӯрақул Зеҳнӣ аст. Зеҳнӣ дар факултаи сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳсил кардааст (1975–1980). Омӯзгори каф. механикаи хокҳо, асосу таҳкурсӣ ва геодезияи инж. (1980–83), асп. ИТИ таҳкурсӣ иншооти зеризаминӣ (НИИОСП)-и назди Госстройи СССР (Москва, 1983–1988). Дар мавзӯи «Стабилизация слабых оснований с плоскими вертикальными дренами» рисолаи номз. дифоъ кардааст. Ход. илмӣ, муаллими калон, дотс. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (1988–1991). С. 1991 бо тавсияи Госстройи СССР дир. филиали Осиёимиёнагии НИИОПС таъйин шудааст. С. 1992 (пас аз пошхӯрии СССР), ки он ба ИТИ-и таҳкурсии иншооти зеризаминии Осиёи Миёна (САНИИОСП)-и Госстройи ҶТ табдил ёфт, ба ҳайси дир. фаъолият кардааст (1992–97). Дар ин муддат ба ҳайси деп. сов. меҳнаткашони шаҳри Душанбе (1989–94) дар ҳалли масъалаҳои сохтмони иморати адиргоҳу доманакӯҳҳои м. Ховарони шаҳри Душанбе, шаҳрсозӣ, номгузории анъанавии Тоҷикистони саҳми бориз гузоштааст. Дар сохтмони Шоҳроҳи Байкал–Амур (1977), иншооти нафту гази Сибир (1978) саҳм гирифтааст. С. 1988 –1993 раиси Шӯрои олимони ҳавони шаҳри Душанберо ба уҳда дошт. Алҳол – сарвари Лабор. тадқ. илмии «Асоси таҳкурсӣ дар замини ковокхоки намкашида»-и Москва.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи зиёда аз 80 таълифоти илмӣ ва 2 патенти ихтироъ. Дорандаи сертификати Эксперти байналмилалӣ аз рӯи барномаи SABIT-и Ин.-ути миллии стандартҳои ИМА (1996). Дар бозсозии меҳмонсаройҳои «Москва» ва «Риц Карлтон», тоннели мошингарди м. Лефортово, чорраҳаи бисёртабақаи майдони Гагарини Москва, биноҳои дохили Кремли Москва, маҷмааи биноҳои доираи Зебомайдон – 5, театрҳои ба номи Станиславский ва Немирович-Данченко, ба номи Вахтангов, Академияи ҳавонон, стадиони тозабунёди Ростови лаби Дон ва ғ. саҳм гузоштааст. Иштирокчии фаъоли анҷуманҳои байналмилалии Ню-Дели (1993), Лондон (2001), Истанбул (2001), Канны (2002), Осака (2005), Мадрид (2007), Искандария (2009), Афина (2011). Аз с. 2003 – намояндаи беподоши Комитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ дар Русия.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6