Тӯрақул Зеҳнӣ (Нарзиқулов Тӯрақул Зеҳнӣ; 1892, Самарқанд, генерал-губернатории Туркистон10 апрел 1983, Душанбе) — адабиётшинос, забоншинос, маорифпарвар ва шоири тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Тӯрақул Зеҳнӣ
Нарзиқулов Тӯрақул Зеҳнӣ
Таърихи таваллуд: 1892
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 апрел 1983(1983-04-10)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда
Забони осор: тоҷикӣ

Зиндагинома

вироиш

Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1892, дар маҳалли Галаосиёи ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Аввал дар мадрасаи Тилокории Самарқанд (1905), баъд дар курси яксолаи таълим ва тарбия (1918-19) таҳсил кардааст. Муаллими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои ибтидоӣ ва муаллимтайёркунӣ (1919-25), муҳаррири шуъбаи Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд (1926), муаллими забон ва адабиёти Техникуми педагогӣ (1932-36), муаллими забони форсӣ дар Ун-ти давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ (1940—1945). Аз соли 1956 то охири умр х. к. и. ИЗА АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Фаъолияти эҷодии Тӯрақул Зеҳнӣ ҳамчун шоир аз солҳои 20 қарни XX оғоз ёфта, шеърҳояш дар маҷалла ва рӯзномаҳои «Шуълаи инқилоб», «Дониш-биниш», «Раҳбари дониш», «Барои адабиёти сотсиалистӣ», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик» чоп шудаанд. Ашъори ҳаҷвиаш бо имзои мустаори «Мушфиқӣ», «Қӯчқор», «Мулло» ва мақолаҳои танқидиаш бо тахаллуси «Сомонӣ» ва «Рустам» дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд. Аз соли 1926 дар атрофи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ андешаҳояшро иброз намуд ва мақолаҳои илмӣ-танқидиаш «Мубоҳисаҳо дар бораи забон ва адабиёт», «Дар бораи забон», «Забон ва адабиёти форсӣ муштарак аст», «Забони гуфтугӯи ҳозираи тоҷикон», "Забони «Овози тоҷик», «Вазифаи матбуоти тоҷик дар бораи забон», «Фикри ман дар бораи забони чопӣ», «Маслиҳати ман дар бораи забон» маҳсули таълифоти ҳаминдавраинаи Тӯрақул Зеҳнӣ мебошанд. Ӯ доир ба масъалаҳои мухталифи таърихи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, роҷеъ ба илмҳои адабиётшиносӣ, фолклоршиносӣ ва забоншиносӣ зиёда аз 200 мақолаи илмӣ навиштааст. Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз аввалин муаллифони китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ибтидоӣ ва миёна буд: «Омӯзиш» (1928, ҳамроҳи В. Маҳмудӣ), «Сарфи забони тоҷикӣ» (1933, ҳамроҳи Б. Ҳоҷизода ва Л. Бузургзода), хрестоматияи «Таронаҳои бачагон» (1927). Муҳимтарин асари адабиётшиносии Тӯрақул Зеҳнӣ, ки барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ навишта шудааст, китоби «Санъатҳои бадеӣ дар шеъри тоҷикӣ» (1963) ва нашри такмилёфтаи он «Санъати сухан» (1970, 1979, 1992) буда, ба санъатҳои маънавию лафзӣ ва вазни арӯз бахшида шудааст.

Тӯрақул Зеҳнӣ яке аз мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» мебошад. Ӯ аз «Баҳористон» ва «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ гулчине бо номи «Гули сумбул» (1963) ва ба муносибати 2500-солагии Самарқанд китоби «Суханварони Сайқали рӯи замин» (1973)-ро ба чоп ҳозир кардааст. Тӯрақул Зеҳнӣ дар бораи Нақибхони Туғрал, С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Шоҳназар Соҳибов хотираҳои худро навиштааст, ки чанде аз онҳо дар китоби «Чанд сухани судманд» (1984) ба табъ расидаанд. Тӯрақул Зеҳнӣ соли 1928 повести Г. Гогол «Шинел»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.

  • Аз таърихи лексикаи забони тоҷикӣ. Д., 1987;
  • Санъати сухан. Д., 1992;
  • Сарфи забони тоҷикӣ. Д., 2010.

Адабиёт

вироиш
  • Зеҳнӣ дар дилу дидаи дӯстон. Д., 2007.