Фатири равғанӣ - тарзи тайёр кардани фатири равғанӣ чунин аст: ба обу шир намак ва равғани обкардаи гӯсфанд (ё маска) ҳамроҳ мекунанд ва пас орд андохта, хамир мекунанд, баъд онро зувола гирифта, тунук мекунанд ва ба мобайнаш нонпар зада, атрофашро бо корд рахдор мекунанд. Дар вақти ба танӯр часпонидан ба болои лахча хокистар мепӯшанд, то ки фатир хомсӯз нашавад. Баъди аз танӯр кандани фатир ба рӯяш равған ё шир мемоланд.[1]

Пайвандҳо

вироиш