Фатҳулло Хоҷаев (20 майи 1932, Кӯлоб, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — овозхон, навозанда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1963).

Фатҳулло Хоҷаев
Таърихи таваллуд 20 май 1932(1932-05-20) (92 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, овозхон, навозанда
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Соли 1950 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо хатм намуда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба сифати мутриб, сароянда, роҳбари дастаи мутрибон ҳунар озмудааст. Тӯли бист соли фаъолият дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии театри номрафта иштирок доштааст, барои намоишномаҳо мусиқӣ эҷод карда, дар баъзе спектаклҳо нақшҳои эпизодӣ бозидааст. «Фалак», «Намепурсӣ», «Хазонрез», «Эй Ватан», «Нигоҳи ту», «Чӣ кунам», «Борон, борон», «Шинам ба баландиҳо…», «Духтари пахтачин» аз зумраи беҳтарин суруду навоҳояш ба шумор мераванд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфа¬роз шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.