Пиряхи Ванҷях

(Тағйири масир аз Федченко (пирях))

Пиряхи Ванҷях (форсӣ: یخچال ونج یخ‎) – бузургтарин пирях дар сарзамини Тоҷикистон аст, ки дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи улум дар Помир ҷой гирифтааст. Ин пирях аз пайвастани қаторкӯҳи Академияи Улум бо силсилакӯҳи Язгулом дар мавзеъи қуллаи Инқилоб (6974 м.) ташкил шудааст. Ӽавзаи обгирии пирях дар баландиҳои 6200 то 6300 м ҷой дорад, вале забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2909 м поин омадааст.

Пиряхи Ванҷях
?
Расположение
Парвандаҳо дар Викианбор
Пиряхи Федченко, акс аз моҳвораи Landsat 7, 2008-08-22

Дар китоби «Рекордҳои замин»

вироиш

Пиряхи Ванҷях на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхи даракӯҳӣ ба шумор рафта, дар китоби «Рекордҳои замин» дохил шудааст. Дарози ин пирях 77 км, масоҳаташ 650 км², ситабриаш 700—1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км². мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Пиряхи Ванҷях қариб 50 шохоб дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти Географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Таърих

вироиш

Пиряхи Ванҷях аз куҳантарин замонҳо барои бумиён шинохта буд. Нахустин кас аз урупоиҳо гардишгари рус В. Ф. Ошанин дар соли 1876 ин пирхяро шиносоӣ кардву номи дӯсташ А. П. Федченко, яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Марказиро бар он гузошта буд. Тобистони соли 1908 сарвони рус Н. И. Косиненко ва ҳамкоронаш қариб нисфи масоҳати пиряхро омӯхтанд. Байни солҳои 1910 то 1926 дар омӯзиши ин пирях Н. Л. Корженевский саҳм гирифтааст. Таҳқиқи ҳаматарафаи пирях соли 1928 бо роҳбарии академик Н. П. Горбунов шурӯъ гардид ва ҳамон сол аз тарафи И. Г. Дорофеев ба нақша гирифта, шохаҳои он низ муайян ва номгузорӣ карда шуд. Бо иқдоми Н. П. Горбунов, дар канори пиряхи Федченко хонаҳои иқоматӣ ва пойгоҳи ҳавошиносӣ дар баландии 4169 м насб карда шуд ва 7-уми ноябри соли 1933 ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 1957—1959 дар пиряхи Федченко гурӯҳи калони мутахассисони шуравиву байнулмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Русия, Олмон ва ғайра иборат аз 100 нафар корҳои таҳқиқоти бурданд. Соли 1983 ҷашни нимасраи таъсиси пойгоҳи обуҳавосанҷии пиряхи Федченко таҷлил гашт ва фотеҳони аввалини он бо мукофотҳои хотиравї қадршиноси гардиданд ва ба ин пойгоҳ номи Николай Петрович Горбунов гузошта шуд. Солҳои тӯлонӣ дар ин пойгоҳ 4-6 нафар ходимони ҷасур фаъолияти муҳим ва мушкилро ба уҳда доштанд.

Бинобар воқеоти маълум соли 1995 ин пойгоҳ аз фаъолият боз монд. 12 сентябри соли 2003 дар ин майдон пойгоҳи автоматикии обуҳавосанҷии америкоӣ («Кембелл Сайн-тафик») насб гардид. Ҳоло зарурияте пеш омадааст, ки ин пойгоҳ аз нав муҷаҳҳаз ва бо мутахассисон таъмин ва ба кори мунтазам шурӯъ намояд. Аз мушоҳидаҳои бисёрсола маълум гаштааст, ки 70 % бориш дар сатҳи пиряхи Федченко дар мавсими хунуки сол (октябр-апрел) ба амал меомадааст ва он дар мавзеъҳои гуногун тафовут дорад. Байни моҳҳои октябр — март бориш нисбатан баробар меборад, вале аз март то май бориш якбора меафзояд. Дар саргаҳи пиряхи Федченко пӯшиши барф аз миёнаи моҳи сентябр, дар қисми мобайн аз миёнаи моҳи октябр ва дар поёнии пирях аз охири ноябр ва аввали декабр барқарор мегардад. Ғафсии ҳадди аксари барф баҳорон дар пиряхи Витовский ба 280—290 см дар ағбаи Абдуқаҳҳор — 340—360 см ва дар саргаҳи пирях ба 430—450 см мерасад.

Ҳаҷми барфҳои сатҳи пирях соли 1959 720 миллион метри мукаабро ташкил дода буд. Соле дар сатҳи пирях ба ҳисоби миёна 1192 мм бориш мешавад. Ҳарорати минимуми мутлақи ҳаво — 16,1 градус селсия, давраи бесармо вуҷуд надорад, давомнокии нурафкании офтоб соле 2116 соатро ташкил медиҳад. Ҳарорати мусбати ҳаво ба моҳҳои тобистон рост омада, мутаносибан ба 3.0, 3.7, 0.2 градус селсияро ташкил медиҳад. Муайян карда шудааст, ки соли 1959 обшораи пиряхӣ — 54 % ва обшораи барфии дарёи Селдара, ки аз пиряхи Федченко ибтидо меёбад, ба 46 % баробар аст.

Аз маълумотҳои палеоглятсиологи бармеояд, ки дар натиҷаи кӯҳпайдошавии ҷадид дар нимаи дуюми плейстотсен пиряхи Федченко андозаи худро хеле васеъ намуда, саргаҳи водии дарёи Муксуро фаро гирифтааст. Дар ин марҳала дарозии танаи пирях ба 172 км, паҳноияш дар самти ҷабҳа (фронт) — 4 км, дар қисми миёна ба — 5 км ва дар саргаҳи водї то 6 км расида буд.[1]

Таназзули пирях

вироиш
 

Айни замон пиряхи Ванҷях соле бо суръати 10-16 м таназзул ёфта истодааст. Дар 10 соли охир ин пирях беш аз 1 км кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 м паст фаромадааст. Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Ванҷях аз танаи асоси ҷудо шуда, мустақил гаштаанд. Ин вазъият аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад. Нақшагириҳои топографии солҳои 1945—1949, аксҳои кайҳонии соли 1985 ва 2002 ва муқоисаи байни онҳо нишон дод, ки пирях дар ҳолати таназзул қарор дорад.

Айни замон 11 шохаи пиряхи Ванҷях аз танаи асосии пирях ҷудо шуданд. Мушоҳидаи байни солҳои 1928—1968 собит намудаанд, ки пирях ба андозаи 460 м коҳиш ёфтааст. Агар ин рақамро ҳамчун асоси боэътимод қабул намоем, он гоҳ пиряхи Ванҷях ба ҳисоби миёна соле ба андозаи миёна 10,4 м кӯтоҳ шудааст. Агар ин раванд дар солҳои минбаъда давом ёфта бошад, пас соли 2005 ба андозаи 384,8 м кӯтоҳ ва ё нисбат ба нишондиҳандаи аввала 844,8 м коҳиш ёфтааст ва ин ҷараён дар замони мо идома дорад.

Суръати ҳаракати миёнаи фирнаҳои паҳлугии пиряхи Ванҷях 216 м, қисми миёнааш 252 ва назди забонааш дар як сол ба 126 м рост меояд. Суръати обшавии сатҳи пирях дар як шабонарӯз 3,5 — 6 см, дар як сол ба 2,5-3, 5 м баробар аст. Дар соли 1868 ва солҳои 1910—1913 пиряхи Федченко 800—1000 м ба пеш ҳаракат кардааст, яъне дарозиаш афзудааст. Аз солҳои 1954 то 1964 забонаи пирях зиёда аз 5580 м кӯтоҳ ва ғафсии қисми поёнии он 10 м паст шудааст.

Экспедитсияи илмие, ки хадамоти обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005—2006 баргузор намуда буд, доир ба як қатор пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нисбат ба пиряхи Ванҷях, маълумотҳои нав ба даст овард. Маълум шуд, ки тӯли 26 сол (яъне байни солҳои 1980—2006) пирях 50 м ва ё ба ҳисоби миёна соле 2 м таназзул ёфтааст.

Пиряхи Ванҷях на танҳо об мешавад, ҳамзамон «коҳиш» низ меёбад. Байни солҳои 1976—1988 пиряхи Федченко қариб 1,8 км кубї ҳаҷми танаи асосиашро талаф дод. Муҳаққиқон дар заминаи омӯзиши таҳаввули пиряхи Ванҷях дар нимаи дуюми асри XX ба хулосае омаданд, ки то соли 2050 163,3 км квадратӣ ва ё 44,5 % коҳиш меёбад ва дар якҷояги ба 381 км квадратиро ташкил медиҳад.

Ин вазъият ба реҷаи гидрологии дарёи Вахш беасар намемонад ва аз ин хотир ба кори муътадили силсилаи НБО, обкашҳои барқӣ, каналҳои худшораи об ва кори муътадили обёрӣ таъсири манфи расонида метавонад. Аз ин лиҳоз бояд пиряхи Ванҷях ҳамеша зери назорат ва таҳқиқоти комплексии илми қарор дошта бошад.[2]

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш

Сарчашма

вироиш

Пиряхи Федченко об мешавад Бойгонӣ шудааст 15 июли 2007  сол.