Фирдавс Ҳакимов
Фирдавс Холиқович Ҳакимов — омӯзгор, олим, доктори илмҳои геология ва минералогия (1992), профессор (1995).
Фирдавс Холиқович Ҳакимов | |
| |
Таърихи таваллуд | 1 феврал 1936 |
Зодгоҳ | Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт | 2 июн 2020 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | геология ва минералогия |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1997), «Инсони сол», ҷоизаи Донишгоҳи Калифорния (ИМА)(2000) |
Зиндагинома
вироишФирдавс Ҳакимов факултети илмҳои табииёти (шуъбаи геология) УДТ ба номи В.И.Ленин- ро хатм кардааст (1959). Лаборант, мудири шуъбаи палеонтология ва стратиграфияи Институти геологияи Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1959-2003). Аз соли 2003 – мудири кафедраи геология ва менеҷменти тех. маъдани факултети геология ва маъданшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Минбаъд ҳамчун профессори кафедра машғули тадрис буд. Фирдавс Ҳакимов дар синни 87 солагӣ, 2 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе даргузаштааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишРисолаи номзадиро дар Институти геологияи шаҳри Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург ФР,1969), рисолаи докториро дар Институти геологияи АИ Тоҷикистон дифоъ кардааст (1992). Узви гурӯҳи кории байналмилалӣ оид ба Табошири Тетис ва комиссияи байниидоравии стратегӣ оид ба Табошири Федератсияи Русия. Бародаронаш Фотеҳ Ҳакимов ва Фаёз Ҳакимов олимони шинохтаи Тоҷикистон мебошанд.
Осор
вироиш- Джалилов М.Р. Андреев Ю.М. Хакимов Ф.Х., Гольтман Э.В. Меловые отложения Центрального Таджикистана. - Душанбе, «Дониш», 1971, 93с.,
- Атабекян А.А., Хакимов Ф.Х. Кампанские и маастрихтские аммониты Средней Азии. - Душанбе «Дониш», 1976, 160с.,
- Джалилов М.Р., Ашуров А.А., Гольтман Э.В., Хакимов Ф.Х., Стратиграфия и крупные фораминиферы кампана и маастрихта Таджикской депрессии. - Душанбе «Дониш», 1988, 107с.,
- Ильин В.Д., Хакимов Ф.Х. Килеватые аммониты турона и коньяка Средней Азии // Деп, в НПИЦентре, №76(957), Тадж, 1994. - Душанбе, 1994, 170с.,
- Хакимов Ф.Х. Палеобиогеографическое районирование позднемеловых морских бассейнов востока Средней Азии // Деп. в НПИЦентре 1.04.98г. №32(1176). - Душанбе, 1998,30с.,
- Хакимов Ф.Х. Особенности дифференциации комплексов позднемеловых аммонитов Земного шара // Деп. в НПИЦентре, 1999, №10 (252) вып. 1. - Душанбе,1999, 50с.,
- Фотех. Х. Хакимов.Ф.Х.Хакимов. Основы эволюционной теории естествознания. - Душанбе «Деваштич»,2005, 88с.,
- Ашуров А.А., Бардашев И.А., Собиров А.А., Хакимов Ф.Х. и др Стратиграфический словарь фанерозойских отложений Таджикистана. Под редакцией А.А. Сабирова. - Душанбе «Недра» 2012, 460с.
- Ф. Х. Хакимов. Стратиграфия верхнемеловых отложений востока Средний Азии. - Душанбе, "Дониш", 2014, 300с.
- Ф.Х. Хакимов, Н.Ф. Набиев. Палеонтология. Учебное пособие. Душанбе: Озар, 2008. 186 c.* * Атлас ископаемой фауны и флоры Таджикистана (Мел).Под редакцией Ф.Х.Хакимова. Душанбе «Дониш», 1998.402с.
Дар маҷмӯаҳои илмӣ зиёда аз 100 мақолаҳояш нашр шудааст.
Ҷоиза ва ҷоизаҳо
вироиш- “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1997),
- «Инсони сол» ҷоизаи Донишгоҳи Калифорния (ИМА)(2000)
Манобеъ
вироиш- Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013,— С.139 — 184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6