Фотиҳа (сура)
Фотиҳа (араб. الفاتحة — Оғозкунанда) — якумин сураи Қуръон. Сураи «Фотиҳа» маккӣ ва дорои 7 оят аст. Аз ҷиҳати тартиби нозилшавии оёт панҷумин мебошад. Аввалин сураи ҷузъи якуми Қуръон аст.
Сура — | |
---|---|
Маънои ном | Оғозкунанда |
Номҳои дигар | «Ҳамд», «Салот», «Воқия» [1] |
Гурӯҳбандӣ | Маккӣ |
Тартиби нозил | 5 |
Омор | |
Рақами сура | 1 |
Шумораи оятҳо | 7 |
Ҷузъ | 1 |
Ҳизб | 1 |
Шумораи рукӯъ | 1 |
Шумораи калима | 29 |
Шумораи ҳарф | 139 |
Сураи гузашта | — |
Сураи раванд | Сураи Бақара |
Тарҷумаҳо |
QuranAcademy.org Koran.IslamNews.ru |
|
|
Сабаби «Фотиҳа» ном гирифтани он
вироишБо таваҷҷуҳ ба ин ки «Фотиҳа» ба маънои оғози ҳар чиз аст, ин сураро низ «Фотиҳатул-Китоб» номиданд, зеро Қуръон бо он ифтитоҳ шудааст. Аз тарафи дигар, ин аввалин сура аз Мусҳафи шариф аст, ки котибони Қуръон онро менависанд ва аввалин сура аз Китоби Маҷиди Илоҳӣ аст, ки хонанда онро тиловат мекунад, ҳар чанд аз назари тартиби нузули оёт, ин сура аввалин оёти нозилшудаи Қуръон нест.[1]
Дигар номҳо
вироишСураи «Фотиҳа» дувоздаҳ ном дорад, ки машҳуртарини онҳо се номи зер аст:
- «Фотиҳатул-Китоб», «Уммул-Китоб» ва «Сабъул-масонӣ» (яъне ҳафт ояте, ки қироати онҳо дар намозҳо такрор мешавад).
- Номҳои дигари машҳури он «Ҳамд», «Салот» ва «Воқия» (яъне нигоҳдоранда) мебошад.[1]
Фазоили сураи «Фотиҳа»
вироишДар фазилати ин сура ҳадисҳои зиёде ривоят шудааст. Аз он ҷумла, ҳадиси шарифи зайл ба ривояти Бухорӣ ва Аҳмад аз Абӯсаъид ибни Муъалло аст, ки гуфт: «Расули Худо (с) ба ман фармуд: «Бидон, қабл аз он ки аз масҷид хориҷ шавӣ, туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт».
Абӯсаъид мегӯяд: «Расули Худо (с) дастамро гирифт ва ҳамин ки хостанд аз масҷид хориҷ шаванд, гуфтам: «Эй Расули Худо (с)! Магар шумо нагуфтед, ки туро аз бузургтарин сураи Қуръон огоҳ хоҳам сохт?». Фармуданд: «Оре! Бузургтарин сураи Қуръон
аст. Ин ҳамон «Сабъул-масонӣ» (ҳафт ояти такроршаванда) ва Қуръони азиме аст, ки ба ман дода шудааст».[1]
Роҳнамоӣ
вироишСураи «Фотиҳа» дарбаргирандаи маъонии Қуръон, муштамил бар усул ва фуруъи дин, дарбардорандаи усули ақида, ибодат ва шариат, раҳномойӣ ба сӯи дархости ҳидоят аз Раббул-ъоламин ва дархости барканор мондан аз роҳи мунҳарифон ва бероҳашудагон аст.[1]
Мундариҷа
вироишبِسْمِ اللّهِ الرَّحْمـَنِ الرَّحِيم الْحَمْدُ للّهِ رَبِّ الْعَالَمِين الرَّحْمـنِ الرَّحِيم مَـالِكِ يَوْمِ الدِّين إِيَّاك نَعْبُدُ وإِيَّاكَ نَسْتَعِين اهدِنَا الصِّرَاطَ المُستَقِيمَ صِرَاطَ الَّذِينَ أَنعَمتَ عَلَيهِمْ غَيرِ المَغضُوبِ عَلَيهِمْ وَلاَ الضَّالِّين
Тафсир
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 Фазилати омӯзиши Қуръон. Shuroiulamo.tj — Сомонаи расмии Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Декабри 2017. Хатои ёдкард: Invalid
<ref>
tag; name "shuroiulamo.tj" defined multiple times with different content
Сарчашма
вироиш- Фотиҳа (сура) — мақола аз донишномаи Исломӣ Islamist.ru.
Сураи қаблӣ: — | Сура 1 — Матни арабӣ | Сураи баъдӣ: Ал Бақара |
Ин мақолаи хурд дар бораи Қуръон аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |