Франсиско Гойя
Франси́ско Хосе́ де Го́йя-и-Лусйе́нтес (исп. Francisco José de Goya y Lucientes; 30 март 1746[1][2][3][…], Фуэндетудус[d], Орогун[d][1][4][5] — 16 апрел 1828[6][2][4][…], Бурду[4][5]) - рассом, ҳаккок ва наққоши испониёӣ.
исп. Francisco José de Goya y Lucientes | |
Таърихи таваллуд | 30 март 1746[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 16 апрел 1828[6][2][4][…] (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | нигоргарии сурат[d][7], наққошии устураӣ[d][7], наққошии ҷангӣ[d][7], наққошии таърихӣ[d][5], наққошии мазҳабӣ[d][5], такчеҳра[5], наққошии саҳнаҳои худмонӣ[d][5] ва табиъати беҷон[5] |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишФрансиско Гойя барои мусаввараҳои жанрию таърихияш (намунаҳо барои намояи матоӣ), ки бо тахайюлу композитсияҳои ноб, асолати ҷаззобу ҳамоҳангӣ эҷод шуда буданд, ба зудӣ маъруф гашт. Солҳои 1776–80 ва 1781–91 ӯ барои корхонаи шоҳӣ беш аз 60 ангора кашид, ки дар онҳо ҳаёти рӯзмарраву саргармиҳои ҷашнии мардумӣ бо рангҳои саршори табиӣ («Чатр», 1777; «Баққоли зарфҳо» ва «Бозори Мадрид», 1778) тасвир шудаанд. Франсиско Гойя дар чеҳранигорӣ низ шуҳрат меёбад. Соли 1780 ба АР Мадрид пазируфта мешавад (соли 1785 ноиби раис, аз соли 1795 мудири бахши рассомии он); соли 1786 мусаввири дарбор ва аз соли 1799 рассоми аввали шоҳ таъйин гардид Аз оғози соли 1790 хусусиёти ҳунарии Франсиско Гойя зуд дигаргун мешавад. Дар корҳои ӯ мазмунҳои фоҷиавӣ зуҳур мекунанд, рангҳо хираву изтиробовар ҷило медиҳанд. Дар осори ин давраи ӯ танҳоӣ, осебпазирии инсон дар ин ҷаҳони пуризтироб ва истодагарии ӯ бо ин олам ҳис мешавад. Ӯ бо эътиқоди бузург портретҳои сенйора Бермудес, Ф. Байеу (1796); доктор Пераля (1796) ва ғ-ро кашид. Аммо қаҳрамонони асосии мусбати Франсиско Гойя ҳамоно мардуми одӣ боқӣ мемонанд. Ӯ бо шуҷоати ҳайратангезу ҳақиқати воқеӣ аъзои хонаводаи шоҳиро тасвир мекунад («Хонадони шоҳ Карли IV», 1800). Вале маҳорати танзимгарии Франсиско Гойя ба таври комил дар сиёҳқаламиҳои вай намудор мешавад. Силсилаҳаккокиҳои ӯ («Нозбардорҳо», 1793–98; «Капричос», 1798–98 ва ғ.) бо сароҳат бар нуқсонҳои ашрофияту рӯҳбоният ва инквизитсия ришханд мезананд. Дар чандин мусаввараҳо («Шӯриши 2 майи соли 1808 Мадрид» ва «Тирборони шӯришгарон дар шаби 3 майи соли 1808» (ҳар ду тақр. соли 1814) нигаронии воқеии худи Франсиско Гойя эҳсос мегардад. Ӯ дар ин осораш агар аз як сӯ ҳамчун ватандӯсти испаниягӣ даъватгари мубориза алайҳи ишғолгарон аст, аз сӯи дигар ҳамчун башардӯст зидди ҷанг, ки амали ғайриинсонист, исён мекунад.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bernard M. O. y. Galería biográfica de artistas españoles del siglo XI (исп.) — Madrid: 1868. — Vol. 1. — P. 311.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 Francisco José de Goya y Lucientes (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 4.5 Harris-Frankfort E., Harris-Frankfort E. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 5.6 5.7 5.8 RKDartists (нидерл.)
- ↑ 6.0 6.1 Bernard M. O. y. Galería biográfica de artistas españoles del siglo XI (исп.) — Madrid: 1868. — Vol. 1. — P. 314.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 https://www.theartstory.org/artist/goya-francisco/
Адабиёт
вироиш- Левина И. М. Гойя. Л. М., 1958;
- Прокофьев В. Н. «Капричос» Гойи. М., 1970;
- Прокофьев В. Н. Гойя в искусстве романтической эпохи. М., 1986;
- Шикель Р. Мир Гойи. 1786–1828/ Пер. с англ. М., 1998;
- Ҳаген Р. М., Райнер Х. Гойя. М., 2005.
Сарчашма
вироиш- Гойя, Гойя-и-Лусентес // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.