Франсуа Араго
Доминик Франсуа Жан Араго́ (фр. Dominique François Jean Arago; 26 феврал 1786[1][2][3][…], Estagel[d][4][5] — 2 октябр 1853[1][2][3][…], Порис[4][5]) — физикдон ва ахтаршиноси франсавӣ. Узви АИ Порис (1809), узви фахрии АИ Петербург (1829).
Таърихи таваллуд | 26 феврал 1786[1][2][3][…] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 2 октябр 1853[1][2][3][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик ва ахтаршиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Шогирдон | Augustin-Jean Fresnel[d], Hippolyte Fizeau[d], Paul Auguste Ernest Laugier[d], Auguste Comte[d] ва Émile Gautier[d][6] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишАз соли 1805 котиби Бюрои арзҳо дар Париж. Солҳои 1809 — 31 профессори Мактаби политехникии Париж, аз соли 1830 котиби доимии АИ ва сарвари расадхонаи Париж, 1831 — 48 узви Палатаи вакилон буд. Баъд аз Инқилоби февр. 1848 дар Ҳукумати муваққатӣ мансаби вазири баҳрро ишғол намуд. Пас аз табаддулоти соли 1851 аз савганд ёд кардан ба Наполеони III сар кашид. Аз рӯи нишондоди ӯ У. Леварйе таҳлили математикии ҳаракати номунтазами сайёраи Уранро анҷом дод, ки боиси кашфи сайёраи Нептун гардид, И. Физо ва Л. Фуко суръати рӯшноиро ҳисоб карданд ва бори аввал сурати Офтобро гирифтанд. Араго дар илм таъсири магнитноккунии ҷараёни электрикӣ ва магнетизми чархзаниро ошкор ва алоқаи фаҷри қутбиро бо тӯлҳои магнитӣ (талотуми магнитӣ) муқаррар кард. Якҷоя бо Ж. Б. Био рефраксияи ҳаво ва дигар газҳоро чен кард ва аввалин андозагирии саҳеҳи зичии газҳоро иҷро намуд. Соли 1811 қутбнокшавии рӯшноӣ ва кристаллҳои кварсӣ, полярископ, фотометр, сианометр ва як қатор асбобҳои дигарро, ки дар асоси ҳодисаҳои оптикӣ сохта шудаанд, ихтироъ намуд. Араго назарияи интерференсияи рӯшноиро барои маънидод кардани тобиши ситораҳо истифода бурд. Дар соҳаи астрономия (ченкунии қутри сайёраҳо, омӯзиши хромосфера ва тоҷи Офтоб), оптика, электромагнетизм, метеорология, географияи физикавӣ ва таърихи илм низ тадқиқоти бисёр дорад; бо полярископи ихтироъкардааш поляризатсияи рӯшноиро тадқиқ кард; бори нахуст аз пӯлод магнити сунъӣ сохт.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Dominique François Jean Arago — 2009.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 4.4 Pouvoirs et société / зери таҳрири G. Bonet — Publications de l'olivier, 2011. — Ҷ. 1. — 699 с.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 https://www.accademiadellescienze.it/accademia/soci/jean-francois-dominique (итол.)
- ↑ Historische Lexikon der Schweiz, Dictionnaire historique de la Suisse, Dizionario storico della Svizzera (нем.) — Bern: 1998.
Адабиёт
вироиш- Араго / С. Содиқова // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.