Фурқатҷон Қаюмов
Фурқатҷон Ғайбуллоевич Қаюмов (тав. 03.09.1984) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (2014), дотсент.
Фурқатҷон Ғайбуллоевич Қаюмов | |
Таърихи таваллуд | 3 сентябр 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Иктисодиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишФурқатҷон Қаюмов Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон-ро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо хатм кардааст. (2006)
- Солҳои 2006-2011– ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2011-2013– сармуаллими кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2014-2015– сармуаллими кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2015-2018 – дотсент мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Солҳои 2018 – то ҳол – дотсент мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ДДҲБСТ, кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа Фурқатҷон Ғайбуллоевич Қаюмов(тоҷ.). www. tsulbp.tj. 29 феврали 2024 санҷида шуд.