Рахнагар

(Тағйири масир аз Хакер)

Рахнагар (форсӣ: رخنه‌گر‎), ё ҳа́кер (англ. hacker, аз to hack — рахна кардан, буридан, даст ёфтан) — касе, ки аз роёна барои дастёбии ғайримуҷоз ба додаҳо ва маъмулан ба қасди тахриб, баҳра мегирад[1]. Ин вожа ибтидо ба маънии корбари ҷиддӣ ва муштоқи роёна ба кор мерафт.

Нишони рахнагарон

Ворид шудан ба сомона ё шикаст додани муҳосибот, кунҷковӣ дар иттилооти маҳрамона аз хусусиёти як ҳакер аст. Ҳакер барноманависи кунҷковест, ки садамае ворид намекунад ва ҳатто боиси таҳкими интиқолот мешавад. Имрӯза рахнагар бештар дар заминаи роёна ба кор меравад ва барои ишора ба чандин гурӯҳ аз корбарони роёна истифода мегардад. Вижагии муштараки ин гурӯҳҳо дар истифодаи онҳо аз роёна ва имконоти он дар сатҳи болотар аз сатҳи умумӣ ва пуштибонии тавонманди техникии онҳост ва ду дастаанд:

  1. Мутахассисони амнияти роёна, ки тавоноии вуруд ба системҳои роёнаӣ ва дар даст гирифтани контроли ононро доранд.
  2. Корбарони хонагӣ, ки алоқаманд ба тағйир додани умдаи нармафзор ва сахтафзор роёнаҳошон ҳастанд то битавонанд амалкарди онро беҳбуд бибахшанд ё қобилиятҳои наву пешбининашудае ба он бифзояанд.

Агарчи имрӯза вожаи рахна кардан бештар барои ишора ба афрод гурӯҳ аввал ба кор меравад.

Фарҳанги ҳакерӣ

вироиш

Вожаи ҳак соли 1950, замоне, ки ҳанӯз роёна ва фарҳанги диҷитол вуҷуд надошт, тавассути гардонндагони системҳои радиоии омотурӣ ва дар маънои тағйир барои расидан ба амалкарди беҳтар ба кор гирифта шуд.

Бо оғози даврони диҷитол ва ба вижа асри компютер вожаи ҳакер (англ. hacker) низ маънои наве гирифт ва умуман ба як хурдафарҳанг (ҷомеае бо як фарҳанги иштирокӣ) муташаккил аз барноманависону муҳандисони электроникаи озмуда гуфта мешуд, ки бо додани роҳкорҳои нав, уфуқи кор бо роёнаро густариш медоданд. Аъзои ин ҷомеа (ҳакерҳо) нақши басазое дар ба вуҷуд омадан ва ҳамагир шудани бисёре аз падидаҳои даврони интернет доштанд. Падидаҳои чун системъомили Юникс, Юзнет, веб ва ҷунбиши нармафзори озод[2].

Маъноҳои гуногуни хакер

вироиш

«Jargon File» чунин шарҳ медиҳад:

Хакер (дар аввал — он касе, бо ёрии табар мебел месозад):
  1. Одаме, ки тадқиқитоти муфасали системаҳои барномасозиро дӯст медорад, омӯхтани масъалаи баландбардории шароити он.

Намудҳои хакерҳо

вироиш

Ҷиҳатҳои қонуни

вироиш
  • Моддаи 298 КҶ ҶТ. Ғайриқонунӣ даромадан ба [системаи] иттилоотии компьютерӣ[3].
  • Моддаи 301 КҶ ҶТ. Ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилооти компьютерӣ[3].

Этикаи хакерҳо

вироиш

Хакерҳои машҳур

вироиш

Боз нигаред

вироиш
  1. Рахнагар чист? Маънои вожаи рахнагар(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 29 апрели 2019 санҷида шуд.
  2. How To Become A Hacker, Eric Steven Raymond (2001), Thyrsus Enterprises
  3. 3.0 3.1 Қонун № 35 аз 15.07.04с.

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш

Шаблон:JargonFile