Хамёза (форсӣ: خمیازه‎), даҳонфожа[1] — боз кардани даҳон ва танаффуси амиқ ба сурати «ғайрииродӣ» ва гоҳе кашише дар дастҳо ва сина аст, ки тақрибан аз замони пеш аз таваллуд ва ба иборате дақиқтар аз давраи ҷининӣ ва дар ёздаҳҳафтаӣ қобили мушоҳида аст. Маъмулан хамёза аз нишонаҳои хоб аст. Ин падида дар инсон ва бархе ҳайвонот дида мешавад, аммо дар бештар ҳайвонот амре аст. Пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки ин амал, мусрӣ аст.

Хамёзакашии кӯдак

Илати хамёза

вироиш

Хамёза амали рефлексиест, ки ҳангоми хастагӣ, дар бинои бадҳаво ё пур аз дуди тамоку, бад шудани кори дилу рагҳо, беҳаракатии мушакҳо, инчунин хоболудӣ пайдо мешавад. Ҳангоми хамёза даҳон, ҳалқум ва роҳи овоз беихтиёр калон кушода шуда, кас чуқур нафас мегирад, вале нисбатан тез нафас мебарорад. Хамёза садои хосае дорад ва чун амали тақлидӣ зуд рӯй медиҳад. Хамёзаи дуру дароз эҳтимол аломати ба мағзи сар нарасидани оксиген ва баъзе бемориҳои дигар бошад, ки ёрии тиббиро металабад[2].

Нигаред низ

вироиш
  1. Даҳонфожа чист? Маънои вожаи даҳонфожа(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 21 июни 2019 санҷида шуд.
  2. Энсиклопедияи мухтасари тиб. Ҷилди V. ТРИХОФОБИЯ — ЯРМА. — Д.: СИЭМТ, 2012. С. 130. — 488 с. — ISBN 978-99947-33-47-7