Хати овозӣ (фонография)
Хати овозӣ (фонография) – ин намуди хат ҳарфҳояш овозҳо ё фонемаҳои ҷудогонаи нутқро ифода мекунанд (хатҳои финиқӣ, юнонӣ, лотинӣ, русӣ, арабӣ ва ғайра). Системаҳои ҳарфии овозӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
- Овози ҳамсадоӣ (финиқӣ, угаритӣ, ибронӣ, оромӣ, арабӣ ва ғайра), ки дар онҳо аломатҳои асосии хати (ҳарфҳо) танҳо овозҳои ҳамсадоро ифода мекунанд.
- Садоии овозӣ (юнонӣ, лотинӣ, русӣ ва ғайра), ки аломатҳои хати онҳо овозҳои ҳамсадо ва садонокро баробар ифода мекунанд.
Ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва хати финиқӣ ибтидо гирифта ба ду самти асоси густариш ёфтаанд. Дар Шарқ аз хати финиқӣ хати оромӣ пайдо шуд, ки қариб ҳамаи хатҳои ҳарфии овозӣ ва баъзе системаҳои ҳиҷоии Осиё аз он сар задаанд (аз ҷумла хатҳои паҳлавӣ, суғдӣ, монавӣ, авесто, хоразмӣ, портӣ ва ғайра). Дар Ғарб (Аврупо) аз хати финиқӣ хати юнонӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ҳамаи системаи хатҳои аврупоён гардид. Системаҳои шарқии хатӣ то андозае усули ҳамсадоии финиқиро нигоҳ доштанд. Дар Ғарб бошад ҳамаи системаҳои хатӣ бо роҳи вокалии овозӣ пеш рафтанд.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Афсаҳов А., Қаҳҳоров Ҳ. Хат ва пайдоиши он. - Душанбе: Маориф, 1994. - С.32-34.
- Ахмедов Б., Юнусов А. Аз таърихи ихтирои хат. // Китобдор.- 2006.- №1.- С.17.
- Пиктография //Энсиклопедияи советии тоҷик. - Душанбе, 1984. - Ҷ.5.- С.509.
- Хат //Энсиклопедияи советии тоҷик. - Душанбе, 1987.- Ҷ.7. - С. 613-619
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.