Холмаҳмад Раҳимов

адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2020)

Холмаҳмад Баротович Раҳимов (тав. 20.05.1972, деҳаи Чойхонаи ноҳияи Ёвон, ваф. 08.04.2020, ш. Душанбе), адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ (2020).

Холмаҳмад Раҳимов
Холмаҳмад Баротович Раҳимов
Таърихи таваллуд 20 май 1972(1972-05-20)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Таърихи даргузашт 8 апрел 2020(2020-04-08) (47 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Холмаҳмад Раҳимов солҳои 1990-1995 дар факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсил намудааст. Солҳои 1996-1997 лаборанти калони кафедраи адабиёти тоҷик, 1997-2003 ассистент, ҳамзамон солҳои 1997-2000 дар аспирантураи донишгоҳи зикршуда таҳсил кардааст. Солҳои 2003-2005 ба сифати муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ ва аз соли 2008 ҳамчун муаллими калони кафедраи методика ва таҳсилоти ибтидоӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2015 ба ҳайси муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2017 - 2018 дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ фаъолият намудааст. Аз 1 сентябри соли 2019 то 8-уми апрели соли 2020 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Инчунин, ӯ солиёни зиёде дар факултет вазифаи раисии иттифоқи касабаи устодону донишҷӯёнро пеш бурдааст. Номбурда соли 2019 дар мавзуи «Ҷустори ҳунарии Лоиқ Шералӣ дар шеъри муосири тоҷик ва фардияти эҷодии ӯ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд. Инчунин, ба қалами Раҳимов Х. Б. дастурҳои таълимӣ-методии «Барномаи адабиёти бачагона» барои факултаи педагогикаи донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ (2011), «Таърихи адабиёти Амрико» (ҳаммуаллиф) (2017) ва муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад.

  • «Садои булбул». -Д., 1999,
  • Мавқеи ѓазал дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2010, №7 (63),
  • Рубоӣ ва мавқеи он дар эҷодиёти Лоиқ// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, 2011, №4 (40),
  • Тараннуми ѓояи ватанпарварӣ дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, 2013, №1 (50),
  • Мавқеи дубайтӣ дар эҷодиёти Лоиқ Шералӣ// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, 2015, №4 (65),
  • Мазмун ва мундариҷаи ѓоявию бадеии «Дасти дуои модар» - и Лоиқ Шералӣ»// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ, 2015, №4 (65) ва ғ.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ