Хоҷагии ҷангал — як соҳаи хоҷагии халқро гӯянд, ки ба омӯзиш, баҳисобгирӣ, таҷдиду парвариш, муҳофизати ҷангал аз сӯхтор ва зараррасону касалиҳо, истифодаи оқилона ва баланд бардоштани маҳсули он ва ғайра машғул аст.

Шинонидани коҷи зард дар Аризона, ИМА

Таърихи хоҷагии ҷангал дар Шӯравӣ вироиш

Револютсияи Кабири Сотсиалисти Октябр моликияти хусусӣ будани ҷангалро барҳам дод. Соли 1923 Кодекси ҷангали РСФСР баромад. Минбаъд Комитети давлатии СССР оид ба Xоҷагии ҷангал ташкил карда шуд. Дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат ҳоҷагиҳои ҷангал вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Онҳо дар ИҶШС 1 млрд 257 млн га ҷангалзор доранд.

Хоҷагии ҷангали Тоҷикистон вироиш

Тоҷикистон республикаи камҷангали (2,9 %) СССР аст. Масоҳати умумии ҷангалзори он — 408 ҳаз. га (аз ҷумла 151 ҳаз. га арчазор, боқимондааш ҷангалзори паҳнбарг). Баъди арча пистазор (75 ҳаз. га), фарқ (46 ҳаз. га) ва чормағз (11 ҳаз. га) мавқеи асосӣ доранд (1981). Дар Тоҷикистон ҷангалзорҳои паҳнбарг, резабарг, арчазор, ҷангали сираки гармсер (шибляк) ва туғай (туронға, санҷид ва ғайра) мавҷуданд. Зиёда аз 90%-и ҷангалзор дар ноҳияҳои кӯҳсор (қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри 1) дар баландии то 3500 м аз с. б. дар водии дарёҳои Помир бошад, баландтар аз он ҷойгир шудаанд. Туғайзор асосан поёноби д-ҳои Кофарниҳон, Вахшу Панҷ ва соҳилҳои д. Сирро фаро гирифтааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш