Банкомáт (аз русӣ: Банковский автомат, баъзан ATM аз англ. Automated teller machine) — дастгоҳи худкоре, ки барои пардохти саривақтии пули нақд (дар робита бо суратҳисоби бонкии шахсии муштариён тавассути компютер сурат мегирад), табодули асъори хориҷӣ, таҳияи санадҳо оид ба амалиётҳо бо истифода аз кортҳои бонкӣ, додани маълумот дар бораи суратҳисоби мизоҷ, амалисозии пардохтҳои ғайринақдӣ ва ғайра хидмат мекунад.

Банкомат

Таърих

вироиш

Банкомати нахустинро Лютер Ҷорҷ Симҷян ҳанӯз соли 1939 ихтироъ ва пешниҳоди бонкдорон кардааст. Дастгоҳ пули нақдро ба мизоҷ дода метавонист, аммо аз суратҳисоби ӯ хориҷ намекард ва бо бонкҳо алоқаманд набуд. Аз ин хотир, бонкдорон онро баъди ним соли фаъолияташ, ба ихтироъкор баргардонданд. Ихтирои мазкур соли 1960 такмил дода шуд. Нахустин банкомати навъи ҳозира 27 июни 1967 дар ноҳияи Энфилди шим. Лондон дар шуъбаи бонки британиягии «Барклайс» насб карда шуд, ки онро Ҷон Шепард Баррони шотландӣ ихтироъ карда буд. Азбаски он вақтҳо кортҳои пластикӣ мавҷуд набуданд, барои гирифтани маблағ аз ваучерҳои махсус (санади харҷ), ки бонкҳо пешниҳодашон мекарданд, истифода мебурданд. Соли 1971 олими дигари шотландӣ Ҷеймс Гудфеллов бо мақсади пешгирии дахолати пинҳонӣ ба ҳисобҳои бонкӣ ПИН-коди махфиро эҷоду пешниҳод кард. Аввалин кортҳои пластикии магнитдор дар ИМА пайдо шуданд.

Паҳншавӣ

вироиш

Шумораи умумии банкоматҳои насбшуда дар ҷаҳон муайян карда нашудааст. Мутобиқи ҳисоби омории истеҳсолкунандагони дастгоҳ то имрӯз зиёда аз 2,3 млн (2011) банкомат истеҳсол ва насб гаштааст. Банкоматҳо дар дохил ва назди бинои бонкҳо, мағозаҳои бузург, фурудгоҳу вокзалҳо ва кӯчаҳои марказӣ устувор карда мешаванд.

Истифодаи банкоматҳо дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон низ қисме аз бонкҳо («Тоҷиксодиротбонк») истифодаи кортҳои пластикиро аз соли 2003 оғоз карда буданд. Аз охири соли 2011 аксари бонкҳои Тоҷикистон пардохти маблағҳоро тавассути банкомат анҷом медиҳанд. Аз ҷумла дар Бонки давлатии амонатгузории ҶТ – «Амонатбонк» аз декабри 2011 пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ оғоз гардида, минбаъд ҳамаи нафақагирони ҷумҳурӣ маблағҳояшонро аз банкомат мегиранд.

Тарзи дурусти истифодабарии банкоматҳо

вироиш

Тарзи дурусти истифода аз хидмати банкомат чунин аст: пас аз ворид намудани корти пластикӣ ба банкомат соҳиби корт рамзи махфӣ (ПИН-код)-и худро пинҳонӣ аз дигарон дар клавиатура мечинад. Баъди ташхис ба ӯ интихоби амалиётҳои дастрас пешниҳод мешавад. Пас аз интихоби амалиёт ва гирифтани маблағ банкомат маълумоти гирифтаро, ки дар саҳифаи магнитӣ – ПИН-коди амалиёти дархостшуда ворид шудааст, аз рамз хориҷ карда, маълумотро ба маркази равандии (проссесингии) бонк – эквайер интиқол медиҳад (бонке, ки ба банкомат хидмат мерасонад). Маблағи дар суратҳисоб боқимонда дар экран ва ё коғаз пешниҳоди мизоҷ мегардад.

Адабиёт

вироиш
  • Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ. Д., 1999;
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. М., 2005;
  • Юржик П. Платежные карты. Энциклопедия 1870–2006. М., 2007.

Сарчашма

вироиш