Худрави варзишӣ — худрави сабукрав, ки барои машғулиятҳои варзиши худрав ҷиҳозонида шудааст.

Мушаххасоти худрави варзиши

вироиш

Мувофиқи таснифоти Федератсияи байнулмилалии худравҳо худрави варзишӣ аз рӯйи ҳаҷми кори муҳаррик (л) ба 15 синф (ҳаҷми зиёдтарин 6 л) тақсим мешавад; вазни камтарини автомобил аз 450 то 800 кг. худрави варзишӣ болопӯшида ва болокушод мешавад, 2 ё 4 ҷойи нишаст дорад. Дар худрави варзишӣ зарфи сӯзишвории бехатар аз таркиш, сӯхторхомӯшкунак, тасмаҳои амният ва ғайра насб мегарданд. Дар системаи тормози чархҳои пеш ва ақиби худрави варзишӣ ҳаракатовари ҷудогона истифода мешавад. Шаклҳои барои роҳҳо таъйиншуда ва махсуси худрави варзишӣ мавҷуданд. Худрави варзишӣ барои роҳҳо таъйин шударо дар асоси автомобилҳои сериявӣ месозанд. Онҳо барои иштирок дар пойга ва мусобиқаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ, аз ҷумла гузоштани рекорди суръат пешбинӣ шудаанд ва нисбат ба мошинҳои сериявӣ хеле пурқувват мебошанд. Худрави варзишии махсус бо истифода аз баъзе қисмҳои худрави сериявӣ сохта мешавад. Масалан, аз муҳаррикҳо одатан зонунавард, блок ва сарпӯши силиндрро истифода мекунанд. Дар натиҷаи насби 2 наварди тақсимкунанда (барои ҳар қатори силиндрҳо), истифодаи клапанҳои қутрашон калонтар ва ғайра қудрати ин муҳаррикҳо нисбат ба ҳамин навъи худрави сериявӣ 2 — 2, 5 маротиба меафзояд. Асосан барои пойгаҳои масофаашон калон дар роҳҳои ҳалқавӣ истифода мешаванд.

Сарчашма

вироиш