Хуршед Каримов
Хуршед Ҳилолович Каримов (10 декабри 1935, Самарқанд - 12.01.2014) — физиолог ва биохимики тоҷик, доктори илмҳои биология (1974), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (1985), узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1981). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Таърихи таваллуд | 1935 |
---|---|
Таърихи даргузашт | 12 январ 2014 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | зистшиносӣ |
Алма-матер |
Зиндагинома
вироишДонишгоҳи давлатии ба номи М. В. Ломоносови Москавро хатм кардааст (1958). Аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1961). Аз соли 1961 ходими хурд, ходими калони илмй, мудири лабораторияи ғизодиҳӣ ва мубодилаи моддаҳои Шуъбаи физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1964 Институти физиология ва биофизикаи растанй). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмй (1966—1986) ва сипас директори Институти ботаникаиАИ ҶШС Тоҷикистон (солҳои 1998-2011) буд.
Осори илмӣ
вироишКаримов муаллифи 150 асару маколаҳои илмист. Асарҳои Каримов ба тадқиқи физиологияи зироати хоҷагии кишоварзӣ, ки зимистон нашъунамо мекунад, асосҳои назариявии дар заминҳои обӣ тамоми сол парвариш намудани растанй, физиологияи чигит ва ғайраҳо бахшида шудаанд. Раиси Совети координационй оид ба Программаи республикавии илмӣ-техникии «Хуроки чорво». Раиси Правленияи ҷамъияти «Дониш»-и АИ ҶШС Тоҷикистон.
Ҷоизаҳо
вироиш- Медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- Медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ»,
- Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон,
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996).
- Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2011).
Манобеъ
вироиш- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Нигаред
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |