Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 4 феврали соли 2011 дар заминаи муттаҳид намудани Институти ботаникаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти физиологияи растанӣ ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ
Соли таъсис 1941
Президент Бобозода Бақохӯҷа
Нишонии ҳуқуқӣ ш. Душанбе, 734017, кӯчаи Карамов, 27
Сайт anrt.tj

Таърих

вироиш

Дар ҷумҳурӣ пажӯҳишҳои ботаникӣ, асосан баъди дар назди Базаи тоҷикистони АИ ИҶШС таъсис ёфтани шуъбаи ботаника (1932) ривоҷ ёфтанд. Гурӯҳи геоботаникҳо, ки ба омӯзиши набототи Тоҷикистони Марказӣ машғул буданд, харитаҳои геоботаникӣ тартиб доданд. Бо ташаббуси В. А. Комаров Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб (1935) таъсис ёфт, ки масъалаи бунёди боғҳои лалмӣ (дар қаторкӯҳҳои Ҳисор) мавзӯи таҳқиқаш қарор гирифт. Соли 1938 Стансияи биологии Помир ба ихтиёри Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС гузашта, дар он оид ба физиология, морфология ва биохимияи рустанӣ пажӯҳишҳои муҳим анҷом дода шуданд. Соли 1940 Боғи ботаникии Помир бунёд гашта, кормандони он дар бобати омӯхтани рустаниҳои маҳаллӣ ва ба шароити ВМКБ мутобиқ гардонидани рустаниҳои мавзеъҳои дигар саҳми арзанда гузоштанд. Чунин боғҳои ботаникӣ минбаъд дар Хуҷанд, Кулоб ва ғайра низ таъсис ёфтанд. Соли 1941 шуъбаи ботаникаи Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС ба Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон (ҳозира Институти ботаника, физиология ва биофизикаи растанӣ) табдил дода шуд. Олимони Институти ботаника оид ба наботот ва зироати хӯроки чорво дар Рангон, Полвонтӯғай, Қубодиён, Шаҳристон, Анзоб ва ғайра таҳқиқот анҷом доданд. Дар Институти мазкур зиёда аз 130 ҳазор намуди рустании гулдор, қариб 40 ҳазор намуд рустании спорадори Осиёи Марказӣ ҷамъоварӣ (гербария) карда шудаанд. Дар рушди ботаника дар ҷумҳурӣ П. Н. Овчинников, Ю. С. Носиров, X. Ҳ. Каримов, М.Р. Расулова, В. И. Запрягаева, X. Юсуфбеков, М. Исмоилов, Ҳ.Ҳ. Ҳисориев ва дигар саҳми арзанда гузоштанд. Олимони ҷумҳурӣ оид ба омӯзиши олами набототи олиташаккул ва дараҷаи паст, экология, ҷуғрофия ва фитографияи рустанӣ, сабзкорӣ, ҷангалдорӣ, беҳтар намудани захираи хӯроки чорво, омӯзиши рустаниҳои доруӣ, биохимияи рустаниҳо ва ғайра таҳқиқот мекунанд.

Институти ботаникаи АИ ҶТ-ро дар солҳои гуногун академик, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ П. Н. Овчинников (солҳои 1941-1977), узви вобастаи АИ ҶТ М.Р. Расулова (солҳои 1977-1987), академик А.Н.Махсумов (солҳои 1987-1992), узви вобастаи АИ ҶТ М.И. Исмоилов (солҳои 1992-1996), номзади илмҳои биологӣ А.А.Мадаминов (иҷрокунандаи вазифа солҳои 1996-1998) ва узви вобастаи АИ ҶТ Ҳ.Ҳ. Ҳисориев (солҳои 1998-2011) сарварӣ намудаанд. Сарварии Институти физиология ва генетикаи растаниҳои АИ ҶТ-ро академикҳо Ю.С.Носиров (солҳои 1964-1986) ва Х.Ҳ. Каримов (солҳои 1998-2011) ба зимма доштанд.[1].

Сохтор ва ҳайати пажӯҳишгоҳ

вироиш
  • Институт аз чунин воҳидҳои илмӣ иборат мебошад:
  • шӯъбаи флора ва систематикаи растаниҳо;
  • озмоишгоҳи экология ва захираи растаниҳо;
  • озмоишгоҳи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо;
  • озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология;
  • озмоишгоҳи биохимияи фотосинтез;
  • озмоишгоҳи генетикаи растаниҳо; хазинаи гербарияи миллии институт;
  • қитъаи илмӣ-таҷрибавии назди институт (ш. Душанбе 834 м баланд аз сатҳи баҳр);
  • Пойгоҳи таҷрибавии Ҳисор барои парвариши пахта;
  • Пойгоҳи биологии баландкӯҳи «Сиёҳкӯҳ» (2300 м баланд аз сатҳи баҳр);
  • Пойгоҳи набототи кӯҳии Варзоб «Кондара» (1200-2600 м баланд аз сатҳи баҳр).

Айни ҳол дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ 57 нафар кормандони илмӣ, 12 нафар доктори илм (аз он ҷумла, 1 нафар академики АИ ҶТ, 4 нафар аъзои вобастаи АИ ҶТ), 22 нафар номзади илм фаъолият доранд.[2].

Фонди Гербариявии Тоҷикистон

вироиш

Дар институт фонди Гербариявии Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ ягона ва беҳамто мебошад, ҷамоварӣ ва таъсис дода шудааст, ки дар он коллексияи бойтарини олами растаниҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 200 000 намунаҳои гербариявии растаниҳои рагдор, 28 000 намунаҳои ушнашаклон, 15 000 намунаҳои гулсангҳо, зиёда аз 15 000 намунаҳои обсабзҳо ва маводҳое, ки аз ҳудудҳои системаи кӯҳии Помиру Олой (Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон) аз соли 1876 сар карда то соли 2010 аз ҷониби олимони гуногун ҷамъоварӣ карда шудааст, маҳфуз мебошад.

Солҳои охир таҳқиқоти экологӣ, флористикӣ ва растанипарварӣ рушд хоҳанд кард, ки ба ҳалли вазифаҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ оиди мубориза бар алайҳи биёбоншавӣ, Рушди устувори марзҳои кӯҳӣ ва ҳифзи гуногуншаклии биологӣ, Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ҳамчунин Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 пешбинигардида нигаронида шудаанд.[3].

Нигаред низ

вироиш