Чалпак - ба шир хамиртуруш ё қаймоқ, намак ва шакар ҳамроҳ карда, хамир мекунанд ва 2-2,5 соат нигоҳ медоранд. Баъди расидани хамир аз он зуволачаҳо (50-60г) гирифта, тунук мекунанд ва дар равғани доғ аз ҳар ду тараф бирён мекунанд. Баъзан ба рӯи чалпак шакар мепошанд. Ба 4 истакон орди гандум 0,5 истакон шир, 30г хамиртуруш, 0,5 қошуқча намак, 1 қошуқ шакар, 1 истакон равған (барои пухтан) ва ним истакон шакар лозим аст.[1]

Пайвандҳо

вироиш