Чангоб (дарё дар Хонақоҳ)

Дарёи Чангоб (Хонақоҳ) — яке аз дарёҳои Тоҷикистон дар водии Ҳисор воқеъ аст. Ин дарё дар сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ гоҳо бо номҳои Хонақоҳ, Алмосӣ ва Ҳисор низ вомехӯрад.

Таърих

вироиш

Тибқи гуфтаи сайёҳону муҳаққиқон ҳазорҳо сол инҷониб аз камари қаторкӯҳҳои барфпӯши қисми шимолии водии Ҳисор ибтидо гирифта, аз дараи хушманзараи Алмосӣ ҷорӣ гардида, кишварро солҳо боз шодоб менамояд. Дарозияш 61 км буда, ҳавзаи обаш 348 ҳазор км мураббаъ мебошад. Ин дарё дар гузаштаи дур ва наздик, дар сарчашмаҳои таърихиву фарҳангӣ хеле бисёр ёд карда мешавад. Масалан, сайёҳи инглис Александр Берис, ки садаи XIX ба водии Ҳисор ташриф оварда буд, дар хотироташ менависад, ки дар Ҳисори Шодмон маҳз ба воситаи ҳамин дарё шабакаи хуби обёрӣ ҷорист. Олимону амалдорони рус — Н.Маев, С.Галкин ва дигарон низ ин нуктаро таъкид намуда, аҳамияти ин дарёро дар обчакорӣ қайд кардаанд. Муаррихи садаи XVI тоҷик Амин ибни Аҳмад ар-Розӣ дар асараш «Ҳафт иқлим» ҳангоми тасвири ш.Ҳисор оид ба ин рӯди пуртӯғён чунин ишораҳо дорад: «… Ва наҳри Чангоб, ки аъозими (яъне дарёи калонтарини) ин диёр аст, ба як тарафи он шаҳр ҷараён мепазирад».Ҳисор 3000 сол Муҳаммадҳусайни Бурҳон дар «Бурҳони қотеъ» Дарёи Ханақоҳро (Чангоб) «ҳафзи алим» (шояд дарёи чуқуроб, аз замини кишт пастоб) гӯяд. Муҳаммад ибни Амир Валӣ (асри 17) дар асараш «Баҳр-ул-асрор» ҳангоми зикри бузургтарин дарёҳои мулки Чағониён, ки шохаҳои Омуя (Амударё) буданд, аз дарёи Чангоб ёд мекунад. Муаррихи тоҷик А. Девонақулов ин гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда, аз ҷумла дар боби «Амударё ва шохаҳои он» чунин қайд кардааст: "… Амударё бештар ба гесӯи яккабофи дилбарони тоҷик монанд буда, торҳои мӯю зулфони марғӯлаи вайро шохобҳои Сурхоб, Вахш, Кофарниҳон… ва Алмосӣ ташкил додаанд («Асрори номҳои кишвар»). Профессор Н.Неъматов бошад, дар китобаш «Давлати Сомониён» ҳангоми муайян кардани сулолаи Шумон ва ҳудуди он аз ҷумла қайд мекунад: «Байни дарёҳои Ромит ва Чангоб вилояти Шумон бо ш.ҳамном — Шумон воқеъ буд». Шоири садаи XVIII тоҷик Фориғи Ҳисорӣ дар ҳошияи девонаш ин дарёро Чангоб номида менависад: «Номи қарияҳое, ки воқеъ аст дар миёнаи дарёи Варзоб ва Чангоб… дар силки таҳрир оварда шуд». Дар асари ҷуғрофидон, шоир ва муаррихи охири аари 19 ва ибт. садаи XX Муҳаммад Содиқи Гулшанӣ, ки унвонаш «Таърихи Ҳумоюнӣ» мебошад, ин дарё бо номи «Хонақоҳ» ёдрас мешавад. Дар хотироти сайёҳони рус ва аврупоӣ бештар ҳангоми тасвири шаҳру деворҳои қалъаи Ҳисор номи ин дарё «Чангоб» зикр гардидааст. Аз ҷумла сайёҳи амрикоӣ Р.Пампелӣ, маҷори А.Вамбери ва олмонӣ А. Регел дар ин бобат ақоиди хешро иброз доштаанд. С.1889 олим ва сайёҳи фаронсавӣ Г.Бунволот, ки гузораш ба мулки Ҳисор низ афтода буд, дар асараш «Аз Қафқоз то Ҳиндустон ба тавассути Помир» дар бораи неъмату сарватҳои ин дарё маълумотҳои ҷолибе дода, овозаи онро ҳатто то ба Ҳинду Аврупо бурдааст. Олими рус В.Литвинов дар рӯзномаи «Туркестанские ведомости» (19 октябри с.1910) оид ба ин дарё чунин нигоштааст: «Аз фазои ин тал манораҳои чор дарвозаи шаҳр, қисмати дарёи Хонақоҳ, ҷараёни рӯдхонаи бузурги Хонақоҳ назаррабо аст, дар қафо дарёи Хонақоҳ, дар пеш рӯдхонаи бузурги Кофарниҳон, дар паси қалъа ботлоқзори калон воқеъ аст».

Дар китобҳои «Таджикская комплексная экспедиция 1932 г.» (С. П.,1932) бобе бо унвони «Ханака, кишлак», дар китоби Р. З. Генкина «Средняя Азия» (М.1958) боби «Ханака» ва дар китоби В.Лукнитский «Таджикистан» (М. 1958) боби «Гиссарская долина» роҷеъ ба Чангоб (Д. Х.) маълумотҳои ҷолиб ба чашм мерасанд. Манбаи оби (шохоби Кофарниҳон, ҳавзаи Амударё) асосан барфу борон, чашмасорон ва пиряхҳо буда, ба он шохобҳои зиёд — Хоҷамашраф, Арҷинак, Варгандок (Рағоба — аз рост), Дедонӣ, Четандара, Зарсанг, Хоҷамастон, Шихшӯра (аз чап) ҳамроҳ мешаванд. Давраи серобиаш моҳҳои апрел-июл буда, навъҳои гуногуни моҳӣ-лаққа моҳӣ, ширмоҳӣ ва гулмоҳӣ дорад. Ҳар сол дарё ҳангоми туғён карданаш ҳазорҳо тонна регу сангрезаҳоро аз камари кӯҳҳо шуста ба водӣ мефарорад. Ҳангоми сел маҷрои дарё аз соҳилҳо баромада, бошишгоҳҳо, боғу роҳҳо ва зироатҳои кишоварзиро несту нобуд намуда, ба аҳолӣ зарари калони иқтисодӣ мерасонад. Обовардҳо делтаҳои калони Даҳана, Тағи Ҷар, Сафарқушта ва дигар ҷойҳоро ташкил медиҳанд, ки садҳо таноб замини корам санглоху корношоям гардидаанд. Чангоб аз маркази обтақсимкунии Арбобӣ бо роҳҳои сунъӣ (каналҳо) ба деҳаҳои Шӯроб, Лолагӣ, Ғуриёт, Тӯда ҷорӣ шуда, барои обёрӣ намудани ин манотиқ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таърихномаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар қисми ғарбии шаҳри Ҳисор, ки дарё аз он ҷо мегузашт, дарвозаи асосии шаҳр бо номи Чангоб воқеъ буд.[1]

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: «Ирфон», 2015, — соли 235

Инҷоро ҳам бингаред

вироиш
 
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи