Чандрабҳон Бараҳмани Лоҳурӣ

Чандрабҳан Бараҳмони Лоҳурӣ (1575, Лоҳур1662 ё 1677, Банорас) — шоир ва нависандаи форсизабони Ҳиндустон.

Чандрабҳон Бараҳмани Лоҳурӣ
Таърихи таваллуд: 1614
Таърихи даргузашт: 1663
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ[1]

Зиндагинома

вироиш

Дар оилаи бараҳман Даҳрам Дос, ки аз соҳибмансабони дарбори ҳукмронони Лоҳур буд, ба дунё омадааст. Аз улуми мутадовилаи замонаш баҳравар гардида, забони ҳиндиву санскритро хуб медонист. Бо ёрии вазир Афзалхон ба хидмати Шоҳиҷаҳон (ҳукмр. 1628-57) роҳ ёфта, дар охири умраш хидмати дарборро тарк гуфт ва дар шаҳри Банорас ба узлат нишаставу дар ҳамон ҷой даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Ба забони форсӣ аз Бараҳмони Лоҳурӣ девони ашъор (342 ғазал, 36 рубоӣ, маснавиҳои кӯтоҳи ахлоқӣ), «Чаҳор чаман» (асари мансури таърихӣ), «Гулдастаи Чаҳор чаман», «Муншаот» (номаҳо ба шоҳону давлатмардони давр), «Туҳфату-л-вузаро», «Корнома», «Маҷмуату-л-фуқаро», «Руқаъот», «Туғрои Шоҳиҷаҳон подшоҳ», «Иншои Ҳафт гулшан», «Муколимоти Дорошукӯҳ», «Рисола» (тазкирае дар бораи шоирони аҳди Акбар то муосирони муаллиф) ва ғ. боқӣ мондаанд. Баъзе ғазалҳои Бараҳмони Лоҳурӣ дар баёзи Мирзо Абдулқодири Бедил ва баёзи Соиби Табрезӣ (1603—1677) мундариҷ гардидаанд. Дар байни осори Бараҳмони Лоҳурӣ «Чаҳор чаман» аҳаммияти вижае дошта, дар асар оид ба Шоҳиҷаҳон, мулку шаҳрҳои қаламрави ӯ ва шарҳи ҳоли худаш маълумоти муфассал сабт намудааст. Ҳамчунин, дар ин асар номаҳои муаллиф ба Шоҳиҷаҳон ва дарбориёни ӯ, андешаҳояш дар бораи дин, ахлоқ, тасаввуф (ирфон) ва ғ. фароҳам омадаанд. Аксари ғазалҳояш аз панҷ байт иборатанд. Аз санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, маҷоз ва ғ. устодона истифода кардааст.

Хаттотӣ

вироиш

Бараҳмони Лоҳурӣ аз нозукиҳои ҳунари хаттотӣ, махсусан, иншои настаълиқу шикаста хуб огоҳ буд. Тазкиранависони муосираш, монанди Мунири Лоҳурӣ, ба эҷодиёти Бараҳмони Лоҳурӣ баҳои баланд дода, ӯро «Саҳбон»-у «Ҳассон» (шоирони машҳури араб)-и замон, «Маликушуарои Шоҳиҷаҳон» гуфтаанд. Дар осори Бараҳмони Лоҳурӣ таъсири «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ бештар эҳсос мешавад.

  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт

вироиш
  • آفتاب أصغر. تاریخنویسئ فارسی در هند و پاکستان. لاهور، ۱۹۶۷؛
  • صفا ذبیح الله. تاریخ ادبیات در ایران. ج.۵. بخش ۲. تهران، ۱۳۶۴؛
  • دانشنامۀ جهان اسلام. ج.۳. تهران، ۱۳۷۸ هـ. ش

Сарчашма

вироиш