Чағона
Чағона - навъе аз созҳои зарбии қадимаи мусиқист, ки аз чӯби дарозиаш 30-40 см сохта шуда, як нӯги онро сӯрох мекунанд ва чанд зангӯларо ба он меовезанд. Ҳангоми навохтани мусиқӣ чағонаро ба ҳаракат даровардан, зарбу усулро нигоҳ медоранд. Дар садаи XV Мавлоно Ҷомӣ дар ашъораш сози чағонаро ёд овардааст:
- Муғаннӣ бо овози чангу чағона,
- Чи хуш гуфт вақти сабуҳ ин тарона.
Чағона дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қашғар (вилояти Синсзяни Хитой) бо номи «Сафоил» низ маъмул аст;
Чағона - номи оҳангест дар мусиқии асримиёнагии форс-тоҷик. Дар мусиқии классикии имрӯзаи тоҷик вуҷуд надорад.
Сарчашма
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Раҳимов И. Чағона //Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷ.3- Душанбе,2004