Чоштбардорӣ
Чоштбардорӣ — ҷараёни аз хирман ба халтаву лингаҳо бардоштани чошт – ғаллаи деҳқонон буда, асосан, дар охири тобистон ва аввали тирамоҳ, баъди ба анҷом расидани дарав ва хирманкӯбӣ барпо мешуд.
Маросим дар деҳоти тоҷик
вироишДар деҳоти Рашту Дарвоз деҳқон пеш аз бардоштани чошт табақро аз гандум пур карда, се маротиба сураи Ихлосро мехонд ва табақро дар атрофи ғаллаи чошт холӣ мекард. Дафъаи дуюм табақро пур карда, ба имоми деҳа мефиристод, то ки барои файзу баракати хирман дар ҳаққаш дуо хонда, зиёну чашми бадро дур кунад.
Дар Кӯлоб ва баъзе деҳоти Рашт дар паҳлӯи чошти хирман кордеро, теғааш ба самти қибла мегузоштанд, то ки он аз чашми бад ва таъсири манфии махлуқоти зиёнрасон муҳофизат намояд. Сипас ягон пирамарди табаррукро, ки гузаштагонаш деҳқон будаанд, ба сари хирман даъват менамуданд. Мӯйсафед бо пойи ботаҳорат аз чошт як мушт ғалларо гирифта, ба он сураеро аз Қуръон хонда, медамид ва ба болои чошт мепошид. Ин амалро «бастани камари чошт» меномиданд. Баъди бастани камари чошт ҳеч кас ба ғайр аз деҳқон ба ҳосил наздик намешуд.
Дар Варзоб ягондеҳқони серфарзанд табақ ё ғирболро пур аз гандум карда ба болои хирвори ғалла мепошид, сипас бо курчак гирду атрофи тӯпи ғалларо ҳамвору баробар карда, ё худ «камари чоштро баста», дуо мехонд. Дуои ӯ чунин буд: Омин, барори кор, баракати сурфаи Халил, назари Хӯҷаи Хизр! Ягон пири табаррук нахуст шуда, як табақ гандумро ба линга мерехт ва баъд аз ӯ соҳиби маҳсулот ин корро идома медод. Дар соли оянда аввал гандуми лингаи табаррукро мекоштанд, сипас ғаллаи дигар лингаҳоро. Боваре ҳам буд, ки ҳангоми бардоштани чошт табақро холӣ намегузоштанд, ки баракати чошт мепарад. Ҳатман ба табақ як-ду мушт гандум меандохтанд ва баъди лингаҳо бардоштани чошт онро низ холӣ мекарданд. Деҳқонони Қаротегину Дарвоз ҳангоми чоштбардорон зиёфате ҳам ташкил мекарданд, ки онро саричоштӣ меномиданд. Ҳозирин хӯроки овардаи соҳиби хирманро хӯрда, ба ҳаққи Бобои Деҳқон дуо мехонданд ва сипас ба кор шурӯъ менамуданд. Барои пурбаракат шудани чошт ба болои тӯпи ғалла пораи тарбуз, себи сурх ё порае кулӯхро мегузоштанд. Дар баъзе деҳаҳо барои чоштбардорӣ шахси муайян хидмат мекард ва пас аз бардоштани чошт деҳқон ба ӯ як табақ гандум медод.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 81 - 82