Гунҷишк
Гунҷишк, чумчуқ, бунҷишк, ванҷ, миргу, мурғӯ, усфур, чоғу, залич, видич (лот. Passer) — як ҷинси парандаҳо; парандаи хурди маъруф.
Гунҷишк | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||
Passer Brisson, 1760 | ||||||||||
|
Пару болаш кӯтоҳи зич, нӯлаш боқувват. Рангаш ҷигарии хокистарӣ, холдор. Гунҷишки наринаро аз гунҷишки модина аз рӯи рангашон фарқ кардан мумкин аст (парҳои гардани гунҷишки нар сиёҳ мебошанд). Гунҷишкҳо 16 намуд дошта, дар Африқо, Аврупо ва Осиё паҳн шудаанд. Баъзе намудҳои онро ба Амрико, Австралия ва Зеландияи Нав бурдаанд. Дар Тоҷикистон 4 намуди гунҷишкҳо зиндагӣ мекунанд: гунҷишки хонагӣ, гунҷишки синасиёҳ, гунҷишки саксаулӣ ва гунҷишки даштӣ.
Гунҷишк ҳашароти зараррасон ва тухми алафҳои бегонаро хӯрда фоида меорад. Бо вуҷуди ин, ғайр аз гунҷишки саксаулӣ дигар намудҳои гунҷишк ба кишоварзӣ ва боғдорӣ зарари ҷиддӣ мерасонанд. Гунҷишки хонагӣ ғалла, ангур, олуболу, гелосро мехӯрад, канаҳои анбор ва паразиту ангезандаи касалиҳои парандаҳои хонагиро паҳн мекунад. Дар мавзеъҳое, ки зарари гунҷишк бисёр аст, мулуҳҳои заҳрӣ ва воситаҳои хӯсонандаро истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Рисунок из книги: Naumann J. F. Naturgeschichte der Vögel Mitteleuropas. — 1905.(олмонӣ) [Естественная история птиц Средней Европы.]
Адабиёт
вироиш- Гунҷишк / Р. Муродов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Абдусалямов И. А. Птицы долины озера Рангкуль на Памире. Д., 1961;
- Иваницкий В. В. Воробьи и родственные им группы зерноядных птиц: поведение, экология, эволюция. М., 1997;
- Балацкий Н. Н. Ревизия видов семейства Passeridae. М., 2001.