Чуқурак
Чуқурак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 8 км. Аҳолиаш 957 нафар (2010), тоҷикон. Аз 124 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, дӯкони хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, чойхонаи ҷамъиятӣ, 8 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорй, ғаллакорй, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]
Деҳаи Чуқурак | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Дӯстмурод Алиев |
Аҳолӣ | 957 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 124 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. с.331