Шайпур,
Шайпур - сози нафасии қадимии мусиқиест, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ истифода мешуд. Он аз нойи дарози рости миссин (дарозиаш тахминан 1 м ва аз он дарозтар) иборат буда, даҳонаш каме васеъ мешавад. Овози ҷарангосии гӯшхарош дорад. Аз асрҳои V-IV то милод, шайпур чун сози мусиқии ҳарбӣ маъмул буд, дар қатори таблкарнай, говдум, нақора, сурнай, дуҳул ва ғ. ҳангоми амалиёти ҳарбӣ истифода мешудааст. Бино ба маълумоти маъхасҳо шайпур дар давраи ҳукумронии Искандари Мақдунӣ маъмул будааст. Дар аҳди Сосониён шайпурро фаровон ба кор мебурдаанд. Шайпур бо садояш сипоҳиёнро ба корнамоӣ даъват мекардааст. Низомии Ганҷавӣ чунин овардааст:
- Шағабҳои шайпур аз оҳанги тез,
- Чу сури Сирофил дар растахез.
Дар фарҳангҳо шайпур чун сози ҷангии ба нафир (нойи миссин, ки дарозиаш тахминан аз 1м) монанд қаламдод шудааст. Инчунин бо номи нойи Румӣ низ зикр ёфтааст. Шаклҳои мухталифи шайпур ҳоло дар байни дигар халқҳо бо номҳои Трембита (Украини) ва тиримитас (Литвони), инчунин дар Европа бо номи трумбу мавҷуданд. Дар замони ҳозира шайпур ба шакли дигар (монанди труба) маъмул буда, онро фанфара меноманд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Раҳимов И. Шайпур // Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ.З- Душанбе 2004
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |