Шамолии Деҳистонӣ
Шамолии Деҳистонӣ (форсӣ: شمالی دهستانی خراسانی; ? — қарни XII) — шоири форс-тоҷик ва аз наздикону дӯстони Адиб Собири Тирмизӣ.
Пеша | шоир |
---|
Зиндагинома
вироишДар нимаи аввали қарни 12 умр ба cap бурдааст. Пас аз касби камол ва сафар ба якчанд шаҳри Хуросон дар шаҳри Мозандарон сокин шуд ва аз он ҷо ба мамдуҳон қасидаҳо фиристода, таъмини маош мекард. Бо Адиб Собири Тирмизӣ шиносоӣ ва мукотибаи дӯстола дошт.
Аз эҷодиёти Шамолии Деҳистонӣ қасоиду ғазалҳои мукаммал ва байтҳои пароканда ба воситаи тазкираҳо расидаанд. Қасидаҳои мадҳии у моҳирона гуфта шудаанд, вале аз ҷиҳати ғоявӣ камарзишанд. Шамолии Деҳистонӣ шахси донишманд будааст. Дар эҷодиёти у қасоиди ҳакимона, панду насиҳатӣ ба назар мерасанд. Шамолии Деҳистонӣ дар қасидаҳояш аз санъатҳои бадеии луғз, таҷнис, такрор, иҳом, таълил ва ғайра истифода кардааст. Дар ғазалҳову рубоиҳояш пайрави сабки хуросонӣ будааст, вале дар баъзе байтҳои қасоидаш нақши сабки ироқӣ дида мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шамолии Деҳистонӣ / А. Абдуллоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).