Шамшод (форсӣ: شمشاد‎), шимшод (лот. Búxus) — як ҷинси бутта ё дарахтони хурди ҳамешасабзеро аз оилаи шамшодҳо гӯянд.

Шамшод
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Buxus L., 1753

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

вироиш

Баргаш думчакӯтоҳ, гулаш майдаи бегулбарг. Мевааш ғӯзаи сеқирраи тухмдор, тухмаш сиёҳи байзашакл.

Парвариш

вироиш

Ҳама намуд ва навъҳои мазрӯи шамшод барои сабзкорӣ аҳамияти калон доранд. Махсусан шамшоди ҳамешасабз (Buxus sempervirens) дар Тоҷикистон хеле маъмул гаштааст. То 1 м қад мекашад. Дар шароити кӯҳистон хуб нашъунамо меёбад, дарахти сояпарвард буда, соле то 5 см қад мекашад. Зимистон баргҳояш бури сурхтоб мешаванд.

Шамшодро аз тухм, қаламча ва реша, зиёд мекунанд. Шамшод (махсусан навъҳои сояпарвард) 500—600 сол умр мебинад.

Корбурдҳо

вироиш

Пӯстлох ва баргаш алклоиди буксин дорад. Ҷӯшоби реша, барг ва пӯслохи шамшодро табибони халқӣ чун доруи исҳоловар ва арақрон истифода мекунанд. Инчунин пӯстлохи шамшодро барои ранг кардани тибит ба кор мебаранд. Чуби шамшод сахт буда, дар кори харротӣ, кандакорӣ, ҳаккокӣ ва барои тайёр кардани маснуоти гуногун (моку, шона, ҷадвал, табақча, коса ва ғайра) қимати баланд дорад. Абӯисҳоқи Атъима гуфтааст:

Чӣ шева мекунад оби набот бо дили мо,
Ки бар табақчаи шамшоду косаи ҳалабист,

Таксономия

вироиш

Синонимҳо

вироиш

Гунаҳо

вироиш
 
Шамшод дар ҳаволии Сочи
 
Шамшод дар ҳаволии Мезмай

Бино бар додаҳои вебгоҳи The Plant List, ҷинс шомили 104[2] намуд мебошад.

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
  2. [https://web.archive.org/web/20190527042603/http://www.theplantlist.org/1.1/browse/A/Buxaceae/Buxus/ Бойгонӣ шудааст 27 май 2019  сол. Феҳристи намудҳои ҷинси шамшод бар пояи додаҳои вебгоҳи The Plant List](англ.)Шаблон:Ref-la v

Адабиёт

вироиш
  • Деревья и кустарники СССР, т., М., 1958;
  • Исмаилов М. И., Вечнозелёные лиственные породы, дар кит. Деревья и кустарники для озеленения Таджикистана, Д., 1985.

Сарчашма

вироиш