Шариф Аҳмадов
Шариф Аҳмадҷонович Аҳмадов (14.08.1930, Хуҷанд - номаълум) — доктори илмҳои таърих (1985), профессор (1990). Корманди шоистаи ҶТ (1998), Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967).[1]
Шариф Аҳмадҷонович Аҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 14 август 1932 (92 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Фазои илмӣ | Таърих |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи ҶШС Тоҷикистон (1967), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), |
Зиндагинома
вироишФакултаи таърихи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1953). Омузгори таърихи мактаби миёнаи Хуҷанд (1953-56), сарлаборант, ассистенти кафедраи педагогикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1956-57), аспиранти Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1957-60), сармуаллими кафедраи таърихи ИҶШС (1961-63), дотсенти ҳамин кафедра (1964-77), декани факултаи таъриху филология (1966-67), мудири кафедраи таърихи умуми (1977-87), профессори кафедраи таърихи Тоҷикистон ва услуби таълими таърих (1987-89), профессори кафедраи таърихи нав ва навтарин (1989-95), профессори кафедраи таърихи умуми (1995-98), мудири кафедраи таърихи умуми (1999-2004), мушовири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2004). Соли 1960 Таҳти рохбарии академики АИ ҶШС Узбекистон, профессор И.К. Додонов, ки он замон мудири кафедраи таърихи ИҶШС дар Донишкадаи таъриху бойгонии ш.Маскав буд, дар мавзӯи таърихи саноат ва синфи коргари Тоҷикистон рисолаи номзади ҳимоя кардааст. Муаллифи бештар аз 10 монография, 200 мақолаи илмӣ, илмӣи оммави оид ба таърихи саноат, таърихи инкишофи мусобикаи сотсиалисти ва фаъолнокии кории синфи коргар дар давраи сохтмони сотсиализм дар Тоҷикистон. Иштироккунандаи конфронсу хамоишҳои байналхалқи, умумииттифоки, ҷумҳурияви ва минтакави. Борҳо дар шаҳрҳои марказии собиқ ИҶШС (Маскав, 1972, 1975; Калинин, 1979; Каменетс-Подолск, 1987) курси такмили ихтисосро гузаштааст. Дорандаи чоизаи ба номи академик Б. Ғафуров (2001). Бо ифтихорномаҳои Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон, КМ ХК Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
вироиш- Из истории социалистического соревнования в промышленности Таджикистана (1939-1958). -Д., 1975;
- Социалистическое соревнование в промышленности Таджикистана (1917-1937). –Д., 1983;
- Краткая история Ленинабадского-Худжандского шёлкокомбината (1930-1960). –Д., 1992;
- Сахифахо аз таърихи комбинати абрешими шаҳри Ленинобод (1930-1992). –Ленинобод, 1992;
- Краткая история Худжандского консервного комбината. –Худжанд, 1998;
- Из истории Худжандского стекольного завода. –Худжанд, 2000;
- Аз таърихи ташкил ва фаъолияти ҷамъияти сахомии «Лаъл». –Хуҷанд, 2000;
- 500 саволу чавоб аз таърихи дунёи бостон. –Хуҷанд, 2003;
- 1000 саволу чавоб аз таърихи асрҳои миёна. –Хуҷанд, 2004;
- 1000 саволу чавоб аз таърихи нави мамлакатҳои Европа ва Америка. –Хуҷанд, 2007.[2]