Шарл Франсуа́ Гуно́ (фр. Charles François Gounod; 17 июн 1818[1][2][3][…], Порис[6]18 октябр 1893[2][4][5][…], Сен-Клу[d][6][7]) — оҳангсози фаронсавӣ, мусиқишинос ва нависанда; бунёдгузори операи лирикии Фаронса.

Шарл Гуно
фр. Charles Gounod
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Charles-François Gounod
Таърихи таваллуд 17 июн 1818(1818-06-17)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 18 октябр 1893(1893-10-18)[2][4][5][…] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) classical composer, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, арғунуннавоз, оҳангсоз
Соз арғунун
Сабк опера, симфонӣ, мусиқии килоссик[d] ва Оратория
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
 Парвандаҳо дар Викианбор
Осор дар Викитека

Зиндагинома

вироиш

Аз хонадони аҳли ҳунар ба дунё омадааст. Падараш наққош ва модараш пианинонавоз буданд. Солҳои 1936-38 дар Консерваторияи Порис дар назди Ф. Галеви ва Ж. Ф. Лесюэра таҳсил кард. Соли 1839 барои кантатаи «Фернан» соҳиби Ҷоизаи бузурги Рум шуд ва ду сол дар Итолиё зиндагӣ карда, баъдан ба Австрия ва Олмон мусофират намуд. Нахустин операҳои Шарл Гуно ибтидои соли 1850 ба саҳна гузошта шуданд, вале муваффақият пайдо накарданд. Соли 1858 дар театри «Лирик»-и Порис нахустнамоиши операи мазҳакавии «Табиби зӯракӣ» (аз рӯи асари Молер) баргузор шуд, ки он вижагиҳои сабки болиғи Шарл Гуно, ба монади хушоҳангӣ, ки ба оҳангҳои шаҳриёни фаронсавӣ, мусиқии равону сода, итминони равонӣ дар тасвири образҳову персонажҳо асос ёфта буд, ба таври равшан намудор гашт. Шарл Гуно аз он замон ба андешаи навиштани операи «Фауст» (яке аз маъруфтарин асарҳо дар тамоми таърихи жанри опера) афтод, ки соли 1859 ба саҳна гузошта шуд. Пас аз он Шарл Гуно ба фикри таҳаввули ҷадиде дар мусиқии Фаронса афтод, аммо аз чанд операе, ки пас аз «Фауст» навишт («Филемон ва Бувкида», «Малика Сабо» ва «Кабӯтар»), ҳеч як ба он баробар нашуд, танҳо операи «Мирейл» («Mireille»), ки соли 1864 дар театри «Лирик»-и Порис ба намоиш гузошта шуд, асари қобили мулоҳизае буд. Шарл Гуно соли 1868 асари дигари хеш — «Ромео ва Ҷулетта»-ро рӯи саҳна овард, ки муваффақияти бузурге пайдо кард. Дар миёни таълифоти сершумори динии ӯ «Муноҷоти ботантанаи Ситсилияи муқаддас» (1855) бештар маъруф аст. Шарл Гуно ҳамчунин барои гурӯҳҳои мухталифи камерӣ, хорҳо, намоишномаҳои фортепианӣ беш аз 200 романсу суруд ва асар навиштааст. Охирин асарҳои Шарл Гуно ораторияҳои «Кафорат» (1881) ва «Марг ва ҳаёт» (1884) буданд.

Операи «Фауст»-и ӯ дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ аз соли 1952 намоиш дода мешавад.

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.): a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  3. 3.0 3.1 Charles François Gounod (фр.)ministère de la Culture.
  4. 4.0 4.1 filmportal.de — 2005.
  5. 5.0 5.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  6. 6.0 6.1 6.2 6.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  7. 7.0 7.1 Свидетельство о смерти

Адабиёт

вироиш