Ҳотами Асам
Ҳотами Асам (Абдураҳмон Ҳотам ибни Унвон ибни Юсуфи Балхӣ, мулаққаб ба Асам; 763, Балх — 852, Вашгирд) — ориф, донишманд ва фақеҳи машҳури ислом, муриди хосси Шақиқи Балхӣ ва устоди Аҳмад ибни Хизруя[1]. Ҳотам миёни аҳли тасаввуф «Луқмони уммат» лақаб гирифта буд.
Ҳотами Асам | |
---|---|
ар. أبو عبد الرحمن حاتِم بن عنوان الأَصَمْ | |
![]() | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абдураҳмон Ҳотам ибни Унвон ибни Юсуфи Балхӣ |
Касб, шуғл: | илоҳиётшинос |
Таърихи таваллуд: | 763 |
Зодгоҳ: | Балх |
Таърихи даргузашт: | 852 |
Маҳалли даргузашт: | Вашгирд |
Маҳалли дафн: | |
Эътиқод: | ислом |
Устодон: | Шақиқи Балхӣ |
![]() |
ЗиндагиномаВироиш
Абдураҳмон Ҳотам соли 763 дар Балх ба дунё омадааст. Соли 810 ба Вашгирд (ҳозира Файзобод) омада ин маҳалро манзили иқомат ихтиёр мекунад. Аз Хоҷаи Ҳотам то ба замони мо осоре намонда, вале порчаҳои парокандаи дар маъхазҳо иқтибосшудаи адибон далолат ба зоҳиди бузург ва соҳиби таълифоти мукаммал будани ӯ мекунад. Фаридаддини Аттор дар «Тазкирату-л-авлиё» ном асараш фармуда: «Он зоҳиди замона, он обиди ягона, он маъраз аз дунё, он муқбили уқбо, он Карам Ҳотами Асам аз бузургони машоих буд».
Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-унс» ном асараш овардааст: «Ҳотам ибни Унвон Асам қуддисаллоҳу сирраҳу аз табақаи авлиёст. Аз қудамои машоихи Хуросон аст, аз аҳли Балх. Бо Шақиқ суҳбат дошта ва устоди Аҳмади Хазрия аст. Мота би Вашгирд мин навоҳии Балх».
Ҳамчунин мавлавӣ Ғуломсарвари Лоҳурӣ дар «Хазиноту-л-асфия» ном асараш нигоштааст: «Ҳотами Асам аз бузургони машоихи Хуросон дар зӯҳд, риёзат, адаб, даръ, сидқ ва ихтиёт беназир буд».
Ҳотами Асам соли 852 аз олам даргузашт.
ДидгоҳҳоВироиш
Аз маҷмӯи суханоне, ки ба номи ӯ дар манобеъ ва маъхазҳо оварда шудааст, метавон ин мавзуъот ва матолибро аз ҷумлаи таълимот ва дидгоҳҳои ирфонии вай донист: сидқ, муҷоҳида ва риёзат, хавф, шукр, муроқиба, хурсандӣ ва қаноат, иғтиноми вақт, зӯҳд ва дурӣ аз уҷб ва риё.
Матолиби гуногун аз ӯ дар бораи хавф ва риҷо нақл шуда, ки нишон медиҳад Ҳотами Асам ба ин ду ҳоли ирфонӣ таваҷҷуҳи хос доштааст.
Ҳотами Асам дар адабиёти форс-тоҷикВироиш
Дар адабиёт форс-тоҷик Ҳотами Асам ба доштани таваккул овоза ёфта, ҳикоёт ва достонҳое аз вай дар осори адабӣ ва ирфонии форсӣ нақл шудааст. Аз ҷумла Саноии Ғазнавӣ дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа» дар баҳси таваккул достонеро аз вай ва ҳамсараш баён мекунад, ки мизони таваҷҷуҳ Ҳотам ва ҳатто ҳамсари ӯро ба таваккул нишон медиҳад:
Ҳотам онгаҳ, ки кард азми Ҳарам,
Онки хонӣ варо ҳаме ба Асам,
Кард азми Ҳиҷозу Байти Ҳаром,
Сӯи қабри Набӣ алайҳу-с-салом.
Монда бар ҷой як гиреҳ зи аёл,
Беқалилу касиру беамвол,
Зан ба танҳо ба хона дарбигзашт,
Нафақот ҳеч неву раҳ бар дашт...
Поси хотирВироиш
Мақбараи Хоҷаи Ҳотам дар деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод воқеъ буда, дар асри XVI аз хишти пухта бунёд гардидааст. Ба шарафи 1100-солагии давлати Сомониён аз нав тармим гардид ва имрӯз ба зиёратгоҳи мӯътақидон табдил ёфтааст.
ЭзоҳВироиш
- ↑ В. В. Бартольд. Ч. 1. Общие работы по истории Средней Азии. Работы по истории Кавказа и Восточной Европы. // Сочинения. — 2013. — Т. Т. 2. — С. 230. — ISBN 5458530918, 9785458530910.
- ↑ Доктор Маҳдии Даҳбошӣ, Доктор Сайид Алиасғари Мирбоқрифард. Таърихи тасаввуф.(форсӣ) Ҷ.1, 2015, — С. 78-80, — 236 с. — ISBN 9786000202491
ПайвандҳоВироиш
- TheSufi.com. Sufi Biography: Hatem al-Asamm(англ.).
- Thankful Slave. Who is Hatem Al Assam (حاتم الاصم)(англ.).
СарчашмаВироиш
- ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |