Шералӣ Абдулқайсов
Шералӣ Абдулқайсов ( 15 апрел]]и соли 1951, деҳаи Дерзуд, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон — 12 июли 2021, Душанбе, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театри драмма ва синамо, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2007)
| |
Таърихи таваллуд: | 15 апрел 1951 |
Зодгоҳ: | деҳаи Дерзуд, ноҳияи Рӯшон, ВАКБ, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 12 июл 2021 (70 сол) |
Маҳалли марг: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Касб: | ҳунарпеша |
Ҷоизаҳо: | Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2007) |
IMDb: | ID 0008273 |
Зиндагинома
вироишШералӣ Абдулқайсов 15 апрели соли 1951 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ тавваллуд шудааст[1]. Соли 1968 баъди хатми мактаби миёнаи № 8 қишлоқи Дерзуд ба Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко ба факултаи санъат ба шуъбаи актёри театри драмма ва кино дохил шуда, соли 1973 онро бо мувафақкият хатм мекунад ва бо роҳхати Вазорати маданияти ҶШС Тоҷикистон ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул карда мешавад ва то имрӯз дар сари кори эҷодист
Аз соли 1996 Омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода буда, аз соли 2009 вазифаи дотсент, мудири кафедраи маҳорати актёриро ба уҳда дорад. Шогирдонаш дар кумитаи Давлатии телевизион ва радиои ҶТ, театри Лоҳутӣ, Аҳорун кор карда истодаанд. Дар матбуот гоҳ-гоҳ мақолаҳои мубоҳисавӣ — тадқиқотиаш ҷоп мешаванд, аз қабили: «Ба оянда тӯр меандозем», «Чеҳраи боофарин», «Зинаҳои камолот», «Театрҳои халқиро ҷонибдорӣ бояд кард», «Талоши ҳастӣ» «Ҷавҳари ранги обӣ» ва ғайра.
Соли 2007 дар ҳамкорӣ бо иттифоқи варзишгарон ва актёрони Тоҷикистон бо кумаки ташкилоти «НОРЕ» ва бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба рушд, UNTOP, бо нияти мубориза бар зидди бемории сил ва ВИЧ/СПИД аз рӯйи асарҳои Н. Абдухамедов ва А. Қодирова «Будан ё набудан», «Зиндагӣ ҷовидона нест», «Хаёти дубора» намоишҳо таҳия кардааст. Соли 2008 бо кумаки аташе оид ба фарҳанги сафорати Фаронса ва мадади ташкилоти МОМ аз рӯйи асари С. Айюбӣ «Муҳоҷират» ва асари А. Ш. ва А. Фарзона «Аз ғуломӣ раҳоӣ ҳаст» намоишҳо таҳия кардааст.
Эъҷодиёт
вироишДар муддати 36 сол дар репертуари театр самаранок банд буда, барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хидмати арзишманде кардааст. Дар зиёда аз 16 озмуну фестивалҳои ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, ҷоизаҳои фаровоне гирифтааст[1].
Нақшҳои театрӣ
вироишРӯйхати мухтасари нақшҳои офаридааш дар театр:
- «Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода — проффессор Пашков
- «Ревизор»-и Гогол — Лука Лукич
- «Лавҳаи инқилобӣ»-и Шатров — Долгов, Керресподент РосТА
- «Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ — Азимов
- «Найи сеҳрнок»-и Ф. Тошмуҳаммедов — Аҷузкампир
- «Шер, рӯбоҳ ва ангур»-и Ш. А — Эзоп
- «Эдип»-и Софокл — Тирессий
- «Ромео ва Ҷулйетта»-и В. Шекспир — Капулетта
- «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдулло — Асад
- «Отелло»-и В. Шекспир- Отелло
- «Искандар ва спитамен»-и Абдураҳмонов- Гефистион
- «Куҷо равонаем»-и Н. Абдулло- Асад
- «Дон Жуан»-и Молийер- Дон Жуан
- «Темурмалик»-и М. Бахтӣ- Чиғатойи Чингизхон
- «Зардушт»-и Н. Табаров. — Ҷомосп
- «Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ — Абдунаббӣ
- «Кабки қафас»-и Т. Зулфиқоров — Амир Темур
- «Зуҳури Суҳроб»-и Ф. Умаров — Ковусшоҳ
- «Бой ва батрак»-и Ҳамза — Ғаффур
- «Раъду барқ»-и Цао Юй — Пу Чжоу.
Нақшҳои дар синамо
вироиш- «Марди роҳ» — Нуралӣ (тоҷикфилм)
- «Субҳи ҷавонии ман» — Қарашир (тоҷ /ф)
- «Айёми алафҳои бегона» — Алиназар (тоҷ/ф)
- «Ал-Бухороӣ» — Амир (тоҷ-узбек/ф)
- «Тӯҳмат» — Соҳиб (тоҷ/ф)
- «Пой» — Муфаттиш. (мос/ф)
- «Падари маҳтобӣ» — Акбар. (НТВ-Олмон-Шветсар/ф)
- «Мусофир» — Норбой, (тоҷ/ф)
- «Дафни гургона» — Падар, (тоҷ/ф)
- «Шукрона» — Соҳиб, (Эрон/ф)
Асарҳои саҳнавӣ
вироиш- «Шер, рӯбоҳ ва ангур» Ш. А. Моноспектакл аз рӯйи масалҳои Эзоп, Театри Лоҳутӣ
- «Табаралӣ ба Япония меравад» Ш. Солеҳ, Театри Лоҳутӣ
- «Вақти дуохонӣ» Ҷ Қуддус, Театри Лоҳутӣ
- «Бобои барфӣ, Аҷуза ва ёрони ӯ» Ш. А. Театри Лоҳутӣ
- «Ғирев» Аз Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, Донишкадаи санъат
- «Харобот» С. Айюбӣ, Донишкадаи санъат
- «Харобот» С. Айюбӣ, Театри халқии шаҳри Турсунзода
- «Пилтапеч» Т. Маҳмадмурод, филми телевизионӣ ТВ1
- «Имтиҳон-2007» Ф. Ансорӣ, Донишкадаи санъат
- «Новеллаҳои Чехов», Донишкадаи санъат.
Унвону ҷоизаҳо
вироишАз 31 майи соли 1991 ба унвони ифтихории Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф мегардад. Аз сентябри соли 2007 бо фармони Президенти Тоҷикистон ба унвони олии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз мегардад.
Ҷоизаҳои ҳунарӣ
вироишАз 21 то 1 майи соли 2006 дар фестивали театрҳои Закавказия дар шаҳри Алан бо намоишномаи «Кабки қафас»-и Тимур Зулфиқоров иштирок карда, соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар фестивали байналхалқии ОСТ-ОРДО-и шаҳри Бишкек барои иҷрои нақши Амир Темур аз намоиши номбурда соҳиби ҷоизаи нақши беҳтарини мардона шудааст.
Соли 2005 ба ҳайси саррежиссёр намоиши идонаи 80-солагии ВМБК-ро таҳия карда сазовори унвони «Табаъаи ифтихории шаҳри Хоруғ» гаштааст.
Беморӣ ва даргузашт
вироишШералӣ Абдулқайсов рӯзи 12 июли 2021 дар 70-солагӣ бар асари бемории вируси куруно[2] дар шифохонаи Қарияи Болои Душанбе даргузашт[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Шералӣ Абдулқайсов | TojNews. www. tojnews.org. 22 июни 2017 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. html Даргузашти Шералӣ Абдулқайсов: дар Қарияи Боло бистарӣ буд(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (12 июли 2021). 12 июли 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Шералӣ Абдулқайсов дар бемористон даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 12 июли 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2021.
Сарчашма
вироиш- Абдулқайсов Шералӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.