Шералӣ Мирзо

(Тағйири масир аз Шералӣ Мирзоев)

Шералӣ Мирзо (24 майи 1967, ноҳияи Ҳамадонӣ) — арбоби низомии тоҷик, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 ноябри 2013). Рутбаи ҳарбии «генерал-полковник».

Шералӣ Мирзо
парчам
3 ноябри 2020-умин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таваллуд 24 май 1967(1967-05-24) (57 сол)
Таҳсилот
Ҷоизаҳо Ордени Шараф, ордени Спитамен, Дорандаи ордени «Зарринтоҷ» дараҷаи II, медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Рутба Сипаҳсолор
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Шералӣ Мирзо 24 майи соли 1967 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи олии ҳарбии Перм. Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи июни соли 1989 оғоз намуда, то моҳи июни соли 1994 дар вазифаҳои гуногуни афсарӣ дар артиши ИҶШС ва Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия хизмати ҳарбӣ намудааст.

Моҳи июни соли 1994 ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда, дар вазифаҳои афсари калони шӯъбаи тайёрии қӯшунии Раёсати омодагии ҷангии Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Баталёни 7-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири Бригадаи 1-уми алоҳидаи тирандози савораи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Ситод - муовини якуми Фармондеҳи Қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ намудааст. Аз моҳи майи соли 2005 то моҳи декабри соли 2006 дар вазифаи муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи ноябри соли 2013 дар вазифаи муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ҳарбӣ намудааст.[1]

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи ноябри соли 2020 ба вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст.[1]

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 Шералӣ Мирзо(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.