Шиҳобуддини Бадоунӣ
Шиҳобуддини Бадоунӣ (маъруф ба Шиҳоби Маҳмара, мутахаллис ба Шиҳоб) — шоир ва донишманди форсизабони Ҳиндустон да охири қарни ХIII ва аввали қарни ХIV.
Кишвар |
---|
Зиндагинома
вироишДар назди падараш ва донишмандони замонаш илм омӯхтааст. Шиҳобуддини Бадоунӣ аа давраи ҷавонӣ ба тасаввуф майл намуда, пайрави силсилаи чиштия шуд.
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ Шиҳобуддини Бадоунӣ адиби сермаҳсул будааст, вале ҳамаи асарҳои у то замоин мо боқӣ намондаанд. Дар тазкираи «Арафот-ул-ошиқин»-и Тақии Авҳадӣ (а. 17) аз осори у тақр. 1000 байт оварда шудааст. Бештари ашъори боқимондаи Шиҳобуддини Бадоунӣ қасидаҳо мебошанд, ки мавзуъ ва мазмунҳои фалсафию ирфонӣ, андешаҳо оид ба олами ҳастӣ, зарурати накукорӣ ва хайру саховатро дар бар мегиранд. Шиҳобуддини Бадоунӣ донандаи моҳири санъатҳои бадеии назми классикии форс-тоҷик буд. Вай якчанд қасидаи маснуъ дорад, ки дар онҳо санъатҳои бадеии гуногунро устодона истифода кардааст.
Шиҳобуддини Бадоунӣ дар тарбияи адибони соҳибзавқ ва барқарор намудани пояи адабиёти форсизабони Ҳиндустон саҳми намоёне гузоштааст. Шоирони машҳури он давр Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Зиёуддини Нахшабӣ аз ҷумлаи шогирдони у мебошапд. Аксар достонҳои «Хамса»-и Амир Хусравро Шиҳобуддини Бадоунӣ таҳрир намудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Шиҳобуддини Бадоунӣ // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
- Алиев Г. Ю., Персоязычная литература Индии, М., 1968.