Шоаҳмад Мирзоаҳмадов

Шоаҳмад Раҷабматович Мирзоаҳмадов (11.04.1953, н. Бӯстонлиқи Узбекистон), доктори илми ветеринарӣ (2006), профессор (2008).

Шоаҳмад Мирзоаҳмадов
Шоаҳмад Раҷабматович Мирзоаҳмадов
Таърихи таваллуд 11 апрел 1953(1953-04-11) (71 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Бӯстонлиқ, ҶШС Ӯзбекистон ИҶШС
Фазои илмӣ ветеринария
Ҷойҳои кор Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
Дараҷаи илмӣ: доктори илм
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур
Ҷоизаҳо Медали «Хидмати шоиста»

Зиндагинома

вироиш

Соли 1974 Институти давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (ҳоло ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур) хатм намуда, дар ҳамин ҷо ба сифати ассистент, аспирант, муаллими калону дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ ва қобилагӣ (1974-1990) декани факултаи тибби ветеринарӣ (1990-2005) кор кардааст. Солҳои 2005-2007 менеҷери барномаи ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, 2007-2008 директори Институти чорводории Тоҷикистон буд. Аз соли 2009 профессори кафедраи ҷарроҳӣ, қобилагӣ ва касалиҳои дарунии сирояткунандаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур мебошад. Оид ба геникологияи ветеринарӣ, қобилагӣ, бартарафсозии ҷароҳати гӯсфанди қароқулӣ, касалиҳои дарунии сирояткунандаи чорво ва ғайра ковиши илмӣ ба анҷом расондааст. Бо Медали «Хидмати шоиста» қадр шудааст.

Травматизм овец каракульской породы в условиях отгонного содержания (Этиология, организация профилактической мероприятий). – Ленинград, 1986; Қобилагӣ, гинекологияи ветеринарӣ ва биотехнологияи афзоиш. – Д., 2011 (ҳаммуаллиф).[1]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 337.