Шоҳбегим Маликшозода

адабиётшинос ва шоири тоҷик
(Тағйири масир аз Шобегим Маликшоева)

Шоҳбегим Маликшозода (Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло; зод. 16 марти 1991, Душанбе, Тоҷикистон) — адабиётшинос ва шоири тоҷик, номзади илмҳои филология (2018), барандаи Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2021).

Шоҳбегим Маликшозода
Маликшоева Шобегим Хайруллоевна
Номи пурра Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло
Таърихи таваллуд: 16 март 1991(1991-03-16) (33 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Ҷоизаҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)
Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2021)

Зиндагинома

вироиш

Маликшозода Шоҳбегим Хайрулло 16 марти соли 1991 дар шаҳри Душанбе дар хонадони заминшинос ба дунё омадааст[1][2]. Солҳои 1998—2000 дар мактаби № 47 шаҳри Ваҳдат ва аз солҳои 2000—2009 дар Гимназияи № 1 ноҳияи Варзоб таҳсил намудааст[1]. Фориғуттаҳсили факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2014). Солҳои 2015—2018 ба дар бахши аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро давом дода, соли 2018 дар мавзӯъи «Фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир» (Масъалаҳои поэтикаи тарҷумаи бадеӣ)[3] рисолаи номзадии худро ҳимоя кардаст.

Корнома

вироиш

Фаъолияти кории худро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳамчун мутахассис, мутахассиси пешбар ва муовини сардори шуъба фаъолият намудаст (2014—2020). Аз соли 2020 то соли 2021 дар вазифаи сардори шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва аз моҳи майи соли 2021 дар вазифаи муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ ва адабӣ

вироиш

Мақолаҳои илмӣ (9) ва илмӣ-оммавии (10) ӯ дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ рӯйи чоп омадаанд. Шеърҳояш дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» пайваста чоп шуда, маҷмӯаҳои шеърҳояш бо унвони «Пайғомбарг» (2015)[4] ва «Соати саодат» (2021) рӯйи чоп омадаанд.

Шоҳбегим ҳангоми фаъолият дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар чопи чанд китоби силсилаи Тоҷнома («Мероси хаттии бостон», «Динкард», «Тоҷикон»-и А. Шишов) саҳим аст.

Соли 2021 монографияи худро бо унвони «Фаъолияти тарҷумонии Бозор Собир» (масъалаҳои поэтикаи тарҷумаи бадеӣ) рӯйи чоп овард.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дар соли 2016 барандаи «Шоҳҷоиза»-и озмуни телевизионии «Килки сабз» гардидаст[1]. Солҳои 2019 ва 2020 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, ду сол дар даври ҷумҳуриявӣ барандаи ҳамин озмун гардидаст[5][6].

  1. 1.0 1.1 1.2 Маликшоева Шобегим Хайруллоевна // Энсиклопедияи бонувони шинохтаи тоҷик (муаллиф-мураттиб Раъно Мирзоева). — Д., 2021. — С. 556. — 520 с. — ISBN 978-999-75-68-20-5.
  2. Ман тамоман дигарам. Pressa.tj. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (8 ноябри 2019). 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.
  3. Маликшоева Шобегим Хайруллоевна. Переводческая деятельность Бозора Собира (Проблемы поэтики перевода). disserCat — электронная библиотека диссертаций (2018).
  4. Манижабону Убайдуллоева. Шоири як шеър. Шобегим Маликшоева. old.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (11 октябри 2019). 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
  5. В Душанбе наградили победителей республиканского книжного конкурса. Avesta - информационное агентство (16 Декабри 2019). 12 ноябри 2021 санҷида шуд.
  6. Ҷойи дуюми корманди академия дар даври ҷумҳуривии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 12 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2021.