Шодон Ҳаниф
Шодон Ҳаниф (Шодӣ Ҳанифов; 10 март 1934, Вилояти Самарқанд — 5 май 2007, Душанбе) — нависанда, дромнавис, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз с.1975). Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ (1987). Нависандаи халқии Тоҷикистон (2004).
Шодӣ Ҳанифов | |
Таърихи таваллуд: | 10 март 1934 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон |
Таърихи даргузашт: | 5 май 2007 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | |
Жанр: | ҳикоя, қисса, очерк, роман, повест |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Зиндагинома
вироишШодон Ҳаниф 10 марти соли 1934 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанд ба дунё омадааст. Шуъбаи тарҷумонии факултети таъриху филогияи УДТ ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1959). Ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло — «Ҷумҳурият», 1959—1961), муҳаррир, мудири шуъбаи нашриёти «Ирфон» (1962—1967), сармуҳарири идораи барномасозии Вазорати маданияти Тоҷикистон (1967—1971), мудири шуъбаи моҳномаи «Садои Шарқ» (1971—1980), тарҷумон ва мушовири ниҳодҳои ҳизбӣ дар Афғонистон (1980—1985), директори шуъбаи Тоҷикистонии Фонди адабии СССР (1986—1991). Ӯ 5 майи соли 2007 дар Душанбе вафот кардааст.
Эҷодиёт
вироишМуаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои
- «Майна» (1970),
- «Алмос» (1991),
маҷмӯаи очеркҳои
- «Дидор» (1974),
- «Кӯҳ ба кӯҳ мерасад» (1976),
повесту романҳои
- «Оҳугузар» (1975),
- «Бедорӣ» (1980),
- «Ҷон ба гарав» (1982),
- «Шикояти офат» (1986),
- «Хунбаҳо» (1990),
- «Дил ба ёдгор» (1991),
- «Уқоби захмин» (1993),
- «Дар суроғи модар» (2001),
- «Дар паноҳи Ҳиндукуш» (қ.1. 2004),
- «Аз ҳаёт ва фаъолияти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон» (2003),
- «Миротворец» (дар бораи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон, бо ҳамқаламии С. Мирзошо. — Душанбе, «Адиб», 2004),
асарҳои драмавии
- «Домоди шаҳрӣ» (1976),
- моҷарои «Обфурӯш» (1984).[1]
Ҷоизаҳо
вироиш- Ордени «Нишони Фахрӣ»,
- Ордени Шараф,
- медали Иттифоқи журналистони Россия,
- ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.
Бахшида ба 70-солагии зодрӯзаш шоир Алӣ Бобоҷон ин байтро дар ҳаққаш гуфтааст:
|
Эзоҳ
вироиш- ↑ Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе,2013, — С. 145—184 с. — ISBN 978-99947-958-2-6