Шонаи чӯбин
Шонаи чӯбин (порсӣ: اوشانه چوبین ) – маҳсули касби дуредгарӣ буда аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна маъмул буд.
Таърих
вироишДар гузашта, ба ҷойи чӯтка бо парҳои мурғ пардаста сохта, амали тозакунии шонаро бо он парзанӣ меномиданд. Дар охир дубора шонаро равған карда, баъди якчанд соат боз бо пар зада, гарду ғуборашро пок менамоянд ва ба ҳамин шона тайёр мегардад. Ба баъзе шонаҳои пурнақши армуғонӣ маҳлули муми занбӯри асал мемоланд, ки он аз таъсири обу офтоб нигоҳ медорад.
Ривоят
вироишШонаи чӯбин, тибқи ақидаи шонатарошону истифодабарандагон, баъзе хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Агар қисми дарунтари аз кундаи чормағз шона сохта шавад, барои мӯйҳои хушк муфид буда, мӯйро равғаннонк менамояд. Агар шона аз чӯби болои дарахти чормағз гирифта, шуда бошад, равғани мӯйҳоро муътадил месозад. Шонаи аз чӯби зардолу сохташуда, асабро ором мекунад. Шонаи аз кундаи дарахти нок сохташуда мулоимтар буда, барои масҳ кардани пӯсти сар мувофиқ аст.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 68 - 70.